Бино ба гузориши Комиссияи расидагӣ ба шикоятҳои интихоботии Афғонистон, дар бораи нақзи муқаррароти интихобот 225 шикоят ворид шудааст, ки баъзеи онҳо метавонанд ба натиҷаҳои интихобот асар гузоранд. Ба ин шикоятҳо пур кардани сандуқҳои рай бо баргаҳои рай ва таҳдиди райдиҳандагон низ тааллуқ дорад. Грант Киппен-раиси Комиссияи расидагӣ ба шикоятҳои интихоботӣ гуфтааст, 35 дарсади ин шикоёт дорои аҳамият аст ва далелҳое аз натиҷаҳои интихобот дониста мешавад.