Каррубӣ мегӯяд, бархе тазоҳургарон табъиз шудаанд

Маҳдии Каррубӣ, яке аз номзадҳои мухолифин дар интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон, гуфтааст, ки бархе аз мардуми боздоштшуда дар иртикоби эътирозҳои пасазинтихоботӣ дар зиндон шиканҷа шудаанд.
Каррубӣ дар номае ба раисиҷумҳури собиқи Эрон Алиакбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ аз мавриди бадрафторӣ қарор гирифтани шуморе аз тазоҳургарони ҷавон ва занон хабар додааст.
Қаблан раҳбари пулиси Эрон Исмоил Аҳмадии Муқаддам дар зиндони Каҳрезаки Теҳрон латукӯб шудани бархе тазоҳургаронро тасдиқ карда буд.