Интихоб барои духтарон: ё ҳиҷоб ё савод

Кумитаи кор бо занон ва оила тасмим гирифтааст, бо Вазорати маориф дар бораи иҷозаи таҳсил ба духтарони ҳиҷобпӯш ба мувофиқа бирасад.
Қиматгул Бердиева, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумат, дар иртибот ба зарурати воридсозии тағйирот ба дастурамали либоси ягонаи мактабии Вазорати маориф ва дубора баргардондани духтарони ҳиҷобпӯш ба таҳсил мегӯяд, аз таҳсил дур шудани духтарон боиси ташвиш аст. Ва аксарияти ин духтарон аз сабаби фақри хонаводагӣ имкони идома додани таҳсилро надоранд.

Аммо дар мавриди пешниҳоди Кумитаи кор бо занон ба Вазорати маориф нисбати баҳси ҳиҷоб ва иҷозаи он дар мактабҳои олӣ ва миёна ин кумита то ҳол иқдом нагирифтааст.

Дар дастурамали либоси ягонаи мактабӣ либоси миллӣ муқаррар шудааст ва духтарон метавонанд бо рӯймол ва поҷома ба мактаб раванд. Дар қатори ҳиҷоб ба пӯшидани либосҳои ӯрёне, ки хоси фарҳанги миллати мо нест, иҷоза дода намешавад. Ҳиҷоб ҳам моли миллат ва модару момоҳои мо нест ...
Ҷалолиддин Амиров, сармутахассиси Вазорати маориф, мегӯяд, ки дар асоси Сарқонун ҳеҷ фард, ҳатто роҳбари мактаб, ҳуқуқ надорад, ки хонандаро барои ҳиҷоб доштанаш аз мактаб пеш кунад. Бояд бо духтарон бо роҳҳои дигар, фаҳмондадиҳӣ кор бурда шавад.

Вай гуфт, “дар дастурамали либоси ягонаи мактабӣ либоси миллӣ муқаррар шудааст ва духтарон метавонанд бо рӯймол ва поҷома ба мактаб раванд. Дар қатори ҳиҷоб ба пӯшидани либосҳои ӯрёне, ки хоси фарҳанги миллати мо нест, иҷоза дода намешавад. Ҳиҷоб ҳам моли миллат ва модарону момоҳои мо нест”.

Таҳлилгари ҷавон Исматулло Қодиров мегӯяд, ки аз он ки духтарон барои ҳиҷоб доштан аз таҳсил барканор мешаванд, хатари сахт ба ояндаи Тоҷикистон аст. Беҳтар он аст ки вазорати маориф иҷоза диҳад онҳо бо ҳиҷоб таҳсил кунанд ва саводи кофӣ гиранд. Хатари бесаводии онҳо аз ҳиҷоб доштан даҳшатар аст.

Исматулло Қодиров меаязояд, “манъ кадани духтарон боҳиҷоб поймол кардани ҳуқуқҳои кониститутсионии онҳо мебошад ва барои ояндаи ҷомеаи мо даҳшатовар аст. Зеро занҳо бесавод монданд, пас ҷомеа бесавод мегардад”.

Баҳси ҳиҷоб баъди солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон оғоз шуд. Асосан ҳиҷоби духтаронро мақомоти ҳукумати ангезаи сиёсӣ дода, ҳиҷобро таблиғи фарҳанги кишварҳои исломии хориҷӣ ва гаравидани духтарон ба ҷараёнҳои исломӣ маънидод мекунанд. Маҳз Вазорати маориф болои ин нуқта тамаркуз мекунад. Аммо худи духтарон ҳиҷобро яке аз фарзҳои эътиқоди динӣ ва ҳуқуқи шаҳрвандии хеш медонанд.

Гуландом, мегӯяд, ки ду сол пеш вақте дар синфи шашум дар яке аз мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии пойтахт таҳсил мекардааст, бо ҷурми пӯшидани ҳичоб ӯро аз мактаб пеш карданд. Гуландом меафзояд, ӯро дар ҳоле аз мактаб барканор намуданд, ки бо баҳои панҷ таҳсил мекардааст ва яке аз духтарони фаъол будааст.

Гуландом хушбин аст ки бояд волидайн ва вазорати маориф дар дастурамали либоси ягонаи мактаби ҳиҷобро низ дохил кунанд ва ӯ ва даҳҳо духтарони дигар дубора барои таҳсил ба мактаб баргарданд.

Вай мегӯяд, “дар синфи шашум мехондам, дарси забони русӣ буд. Роҳбари синфамон ва директори мактаб омада ҳиҷоб доред гуфта, аз мактаб ҷавобам доданд. Моро бесавод карданд”.

Дилафрӯз, як нафар ҷавони донишҷӯ, ки борҳо барои ҳиҷоб доштанаш аз донишгоҳ ронда шудаву мавриди фишори равони қарор гирифтааст, мегӯяд, ки донишҷӯёни ҳиҷобпӯш тасмим доранд, ки унвонии Кумитаи кор бо занон ва оила мактуб ирсол намуда, роҷеъ ба пайомадҳои манфии барканории духтарон аз таҳсил кӯмак талабанд.

Ин дар ҳолест, ки чанд рӯз қабл вазири маорифи Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки соли 2008-2009 беш аз 50 ҳазор хонандагони мактаби миёна бо сабабҳои гуногун ба таълим фаро гирифта нашуданд, ки аксарияти ин теъдодро духтарон ташкил мекунанд.