Баъди пофишориҳои созмонҳои ҷамъиятии занони Қирғизистон ахиран вазорати маорифи ин кишвар амри қабии худ оид ба манъи ҳиҷоб дар муассисасаҳои таълимиро бекор кард.
Ба гуфтаи Албина Дуйшенбиева, сухангӯи вазорати маорифи Қирғизистон, мақомоти ин идора тасмим гирифта буданд, ки дар низоми муассисаҳои таълимӣ перомуни ҷорӣ намудани либоси ягонаи мактабӣ тағйирот ворид кунанд, вале ворид кардани тағйирот ба низоми мактабҳо ба таъвиқ гузошта шуд.
Сухангӯи вазорати маориф инчунин гуфт, ки бо вуҷуди ин кормандони идораҳои маҳаллии маориф ҷорӣ намудани либоси ягонаи мактабиро дар миёни занону духтарон тарғиб хоҳанд кард.
Созмони «Мутакаллим», як созмони занони мусалмони Қирғизистон, баъди пофишориҳо ба он ноил шуд, ки вазорати маориф амри манъи ҳиҷоб дар муассисаҳои таълимииро бекор кард.
Ҷамол Фронтбек-қизӣ, раҳбари ин созмон, мегӯяд, ки ҳазорҳо занони мусалмон алайҳи судури ин амр вокунишҳои эътирозӣ карданд.
Ба гуфтаи ӯ, баъди судури ин амр онҳо ба ҷомиъаи кишварашон муроҷиат карданд ва натиҷа нишон дод, ки тарафдорони бекор кардани амри вазорати маориф хеле зиёданд: «Ин рақам зимни ҷамъ кардани имзоҳо беш аз 50 000-ро ташкил кард». Ӯ инчунин гуфт, ки созмони «Мутакаллим» вазорати маорифи кишварро ба додгоҳ кашидааст ва истеъфои вазири маориф Абдилда Мӯсоевро талаб кардааст.
Бо вуҷуди бекор шудани амри манъи ҳиҷоб дар макотиби кишвар, афзуд вай, онҳо фикри худро дар мавриди ба додгоҳ кашидани вазорати маориф тағйир надодаанд: «Дар ҳар сурат, барои судури чунин амр вазири маориф бояд муҷозот шавад, зеро дар ин авохир занону духтарони зиёд ба фишорҳои равонӣ мувоҷеҳ карда шуданд».
Ҳоҷӣ Муроталӣ Ҷуманов, раиси идораи муфтиёти Қирғизистон, мегӯяд, нисбат ба он ки духтарон ба муассисаҳои таълимӣ нимбараҳна ҳозир шаванд, бо ҳиҷоб омадани онҳо авлотар аст: «Ҳиҷоб баёнгари иффати духарон мебошад». Ҳоҷӣ Муроталӣ Ҷуманов мегӯяд, ки перомуни ин мавзӯъ номаи вижае таҳия шудааст, ки унвонии вазорати маориф ирсол хоҳанд кард.
Дар ҳамин ҳол, яке аз омӯзгорон мегӯяд, ки, агар аз ҳиҷобпӯшии духарони макотиб ҷилавгирӣ нашавад, теъдоди онҳо мунтазам афзоиш хоҳад ёфт.
А. Мусоев, вазири маорифи Қирғизистон, зимни пахши як изҳорот гуфтааст, вай хилофи бо ҳиҷоб ба мактаб ҳозир шудани духтарон нест ва фақат тавсия медиҳад, ки онҳо бо либоси ягонаи мактабӣ ба дарсҳо ҳозир шаванд.