Нигаронии Қаҳҳоров аз вазъ дар марз бо Афғонистон

Вазири умури дохилаи Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров гуфт, дар пешорӯи интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон, ки моҳи август доир мешавад, Тоҷикистон ҳифозати марзҳояш бо Афғонистонро тақвият додааст. Оқои Қаҳҳоров гуфт, вазъ дар марз бо Афғонистон дар пешорӯи интихобот метавонад бадтар шавад, чунки гурӯҳҳои мухталифи ҷиноӣ метавонанд барои худ дар кишварҳои ҳамҷавор, аз ҷумла дар Тоҷикистон, паноҳгоҳи муваққат биҷӯянд. Дар ҳамин ҳол, хабаргузориҳо мегӯянд, дар минтақаи Дарвози марз бо Афғонистон 3 узви фаъоли Ҳаракати исломии Узбакистон бо иттиҳоми таҳияи ҳамлаҳои террористӣ дар қаламрави Тоҷикистон боздошт шудаанд.