Набуди хатҳои баландшиддати барқ ба Тоҷикистон имкон намедиҳад, ки барқи худро ба хориҷа содир кунад ва дар бозори минтақавии барқ ҷойгоҳи мустаҳкам ба даст орад.
Ба қавли мутахассисон масоили энергетика, хатҳои интиқоли барқе, ки Тоҷикистон ҳоло дорад, камҳаҷм буда аз 220 киловолт бештар нестанд.
Ин дар ҳолест, ки дар охири моҳи июл, дар Душанбе як нишасти минтақавии муҳим бо ширкати руасои кишварҳои Русия, Афғонистон, Покистон ва Тоҷикистон баргузор шавад, ки ба қавли Маҳмадшариф Ҳақдодов, муовини вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон дар ин нишаст масъалаи интиқоли барқ ба Афғонистону Покистон аз мавзӯьҳои меҳварӣ хоҳад буд.
Вай гуфт, дар ин ҳамоиш яке аз масъалаи мавриди баҳс наҳваи эҳдоси хатҳои баландшиддати барқ хоҳад буд. Оқои Ҳақдодов гуфт, ки дар ин нишаст интизор меравад, Русия дар эҳдоси хатҳои баландшиддати барқ кӯмак кунад.
Аз шарҳи оқои Ҳақдодов рӯшан мешавад, ки Русия мехоҳад, барқи неругоҳи Сангтуда 1-ро, ки 75 дарсади саҳмияҳои он мутааллиқ ба ҳамин кишвар аст, ба Афғонистону Покистон бифурӯшад.
Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон танҳо дар сурати эҳдоси хатти баландшиддати 1000-киловолтаи мавсум ба CАSА-1000, ки барқи зиёдатии Тоҷикистону Қирғизистонро ба Кобулу шимолу ғарби Покистон интиқол хоҳад дод, имкони бештари интиқоли барқи худро ба ин кишварҳо пайдо мекунад.
Вай гуфт, корҳои сохтмони тарҳи CАSА-1000 ояндаи наздик оғоз хоҳад шуд.
CASA -1000 аввалин тарҳи барномаи Бозори энержии минтақавии Осиёи Марказӣ ё CASAREM 680 млн. доллар ҳазина дорад.
Ин тарҳро Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки исломии рушд пуштибонӣ мекунанд. Дар навбати худ бо мусоидати Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ кишварҳои зидахли тарҳи СASA-1000 – Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон метавонанд аз Анҷумани байнулмилалии рушд, Бонки байнулмилалии таҷдид ва рушд сармоя қарз бигиранд.
Коршиносон мегӯянд, дар ҳоли ҳозир, Тоҷикистон, танҳо аз роҳи Узбакистон, ки хатҳои баландшидати барқ дорад, метавонад, барқашро ба Афғонистон интиқол диҳад.
Аммо Тошканд худ шуруъ аз имсол, интиқоли барқашро ба Кобул оғоз кардааст.
Ғуломиддин Сайфиддинов, коршиноси масоили энергетика мегуяд, феълан, ба далели адами хутути барқ Тоҷикистон имкон надорад, барқи зиёдатии худро ба бозори Осиёи Ҷанубӣ, ба хусус ба Покистон ба фурӯш гузорад. «Хатҳои баландшиддате, ки ҳаст имкони ғунҷоишашон то 120 киловолт аст, дигар хел восита нест, ки нерӯи барқи Тоҷикистон то Покистону Афғонистон интиқол ёбад. Системаи энергетикаи Осиёи Марказӣ ба Покистон умуман пайвандӣ надорад. Ба Русия интиқол додани барқ ба воситаи Қирғизистону Қазоқистон ё Узбакистон имкон дорад. Системаи барқи Афғонистон бошад ҳанӯз шакл гирифтагӣ нест. Лекин масъала ин аст, чаро Сангтӯда дар замини Тоҷикистон асту зимистон дар мо барқ нест мегӯянд, чӣ гуна барқи онро бароварда мефурӯшанд?»
Аммо ба назар мерасад, ки то ин ки Тоҷикистон хатҳои баландшиддати интиқоли барқ ба Афғонистону Покистонро дуруст мекунад аз ҳоло, Узбакистон вориди бозори неруи барқи кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ шудааст.
Давлати Усмон, коршиноси мустақил мегуяд, ки ҳануз барои аз худ кардани бозори барқи ин кишварҳо барои Тоҷикистон дер нашудааст, ҳарчанд, ки дар шароити кунунӣ ва вазъи ноороми Афғонистону Покистон сохтмони хатҳои баландшиддат ва интиқоли барқ ба Осиёи ҷанубӣ кори содда нест.
Ба эътиқоди оқои Усмон, Тоҷикистон метавонад, ба воситаи Афғонистону Покистон ба тадриҷ вориди бозори нерӯи барқи Осиёи ҷанубӣ шавад.
Дар ҳамин ҳол, ба эътиқоди коршиносон агар нерӯгоҳҳои Роғун ва Қамбарота–1 сохта нашаванд, эҳдоси хутути баландшиддати барқ ба мисли тарҳи СASA-1000 низ маънӣ надорад, Зеро барои пур кардани ин хат дар як сол 10-15 миллиард кВт/соат барқ зарур аст.
Дар ҳамин ҳол мақомоти Тоҷикистон эълом доштанд, ки моҳи декабри имсол пеши роҳи дарёи Вахшро барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун мебанданд ва бо сохтмони ин нерӯгоҳ имкони интиқоли барқи зиёдатии Тоҷикистон ба Афғонистон пайдо мешавад.
Ба Русия интиқол додани барқ ба воситаи Қирғизистону Қазоқистон ё Узбакистон имкон дорад. Системаи барқи Афғонистон бошад ҳанӯз шакл гирифтагӣ нест...