"ҶАНГ БАРОИ ОБ"?
Баъд аз хондани танҳо чанд мақолаи рӯзномаҳои маҳаллӣ ва ё минтақавии Осиёи Марказӣ, чунин тассавур ҳосил мекунед, ки гӯё кишварҳои минтақа, ба зудӣ, барои об бо ҳам ҷанг хоҳанд кард. Танҳо номи чанд мақола кофист, ки “талхакаф” шавед, масалан “Ҷанг барои об”, “Мусолиҳаи обӣ дар семоҳаи аввал хотима меёбад”, “Тоҷикистону Ӯзбакистон дӯст ё душман” ва унвонҳои дигар. Дар ин мақолаҳо мехонем, ки “чӣ гуна Ӯзбакистон намехоҳад, Тоҷикистон нерӯгоҳи барқи обии Роғунро бисозаду чароғону дурахшон шавад ва ё чӣ гуна Тоҷикистон мехоҳад, бо сохтани обанбори Роғун ва гирифтани маҷрои рӯдхонаҳо Ӯзбакистонро ба биёбон табдил дода ва мардумашро мӯҳтоҷи як қатра об гузорад.”
ИТТИҲОМОТИ ТАРАФАЙН
Хабарнигорони қирғиз менависанд, ки айби Ӯзбакистон аст, ки онҳо нерӯи барқӣ кофӣ надоранд ва ҳамкорони қазоқи онҳо менависанд, ки ин айби Қирғизистон аст, ки бо сар додани оби зиёд дар фасли зимистон замину маҳалҳои зисти васеъи Қазоқистонро зери об мекунанд. Маломатҳо ба ҳамдигар аз тариқи матбуот то ба андозае расидааст, ки Пажӯҳишгоҳи ҷанг ва сулҳ онро як “ҷанги иттилоотӣ” миёни кишварҳои минтақа хондааст.
Абохон Султонназаров – мудири иҷрояи намояндагии Пажӯҳишгоҳи Ҷанг ва Сулҳ дар Осиёи Марказӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ин гуна инъикоси ғалати таҳҳавулот, ки метавонад, афкори умум дар ҷомеаи кишварҳои минтақаро шакл бидиҳад, мояи нигаронии амиқ аст:
“Чунин инъикос метавонад, сабаби вуқӯъи низоъҳои эҳтимолӣ дар минтақа шавад. Яъне дар заминаи масъалаи обу-энержӣ навъе адоват зуҳур мекунад. Масалан агар аз як нафар дар Тоҷикистону Қазоқистону Қирғизистон бипурсед, мардуми оддӣ якдигарро гунаҳкор медонанд, ки масалан ӯзбакҳо роҳи моро мегиранд ва ё шаҳрванди Ӯзбакистон мегӯяд, тоҷикон мехоҳанд, ки бо манобеъи обу энержии худ ба мо фишор биёранд.
Агар дар зери мақолаҳо доир ба тақсими об дар Осиёи Марказӣ дар сафҳаи интернетии “centrasia.ru” як вебсайти пурхонанда дар баҳси корбаронро бубинед, баҳси баъзе аз онҳо то ба ҷое мерасад, ки ханҷар намеёбанд, гулӯи ҳамдигарро бибуранд.
ИН КОРИ КИСТ?
Кирил Валентинӣ - коршиноси умури об, ки чиҳил сол дар ин соҳа дар Осиёи Марказӣ кор кардааст, мегӯяд, ҳукуматҳои минтақа барои расидан ба аҳдофи хеш дар масъалаи тақсими об ҳамин гуна маъракаҳои иттилоотӣ раҳандозӣ мекунанд, ки ҳосиле нахоҳад дод: “Ҳар яке аз ин маъракаҳои иттилоотӣ умуман як ҳадафи мушаххаси сиёсӣ ва иқтисодӣ дорад, ин ба хотири ҷангандозӣ миёни мардум нест. Ҳеҷ кас инро намехоҳад ва чунин ҳадаф намегузорад, зеро ҳар сиёсатмадор худаш моҷароро дӯст намедорад. “
Аммо ба гуфтаи Марат Мамадшоев – муҳарири рӯзномаи “Азия Плюс” дар Тоҷикистон, ҳукуматҳои минтақа аз тариқи ба роҳ андохтани маъракҳои иттилоотӣ мехоҳанд, ҳимояти мардум аз мавзеъгириҳои худро нишон ба кишварҳои ғарбӣ бидиҳанд. Ба эътиқоди ӯ, ин ҳама маъракаҳои иттилоотӣ, то кунун таъсири чандоне ба афкори умум надоштааст.
Айни чизе, ки Кирил Валентинӣ - коршиноси қирғизистонӣ ҳам ба Радиои Озодӣ гуфт. Ирода Ҳусейнова – коршиноси умури матбуоти кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Маркази журналистикаи изтирорӣ дар шаҳри Маскав ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳукуматҳои минтақа масалан Тоҷикистону Қирғизистон бо танқиди ҳамсояҳо мехоҳанд, айби худ дар мушкилоти дохилӣ аз ҷумла бӯҳрони энержиро ҳам камтар нишон диҳанд: “Онҳо аз ҳамин роҳ мехоҳанд, хашми мардумро камтар кунанд, зеро дар воқеъ вазъ дар инҷо хеле бад аст. Дуруст аст, ки бояд ба мардум фаҳмонд, ки танҳо айби онҳо нест, аммо на ба ин шакл, ки мо дар Осиёи Марказӣ дар иҳотаи душманон қарор дорем.
ПАЙОМАДҲОИ ҶАНГИ ЛАФЗӢ
Агар чунин инъикос ва маломат ба ҳамдигар аз тариқи матбуот дар Осиёи Марказӣ идома ёбад, мегӯяд, Кирил Валентинӣ ҳукуматҳои минтақа дучори чизе хоҳанд шуд, ки худашон аз он метарсанд: “Ин ҳама маъракаҳои иттилоотӣ дар интернетро таври маълум мардуми оддӣ намехонад, вале ман мебинам, ки агар ҳар рӯз ба гӯши одамон бихонед, ки ҳамсояи ту душман, як нафар ҳадди аққал ба он бовар мекунад.”
Дигар ин ки ба гуфтаи Кирил Валентинӣ, чунин маъракаҳои иттилоотӣ монеъи рушди ҳамкориҳои минтақавӣ мешаванд, ки бар зарари худи кишварҳои Осиёи Марказист. Абохон Султонназаров – мудири иҷроии Пажӯҳишгоҳи Ҷанг ва Сулҳ дар Осиёи Марказӣ низ ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин бозиҳои зиёновар ҳеҷ кас пирӯз нахоҳад омад: "Ман мутмаинам, ки дар ин бозӣ ягон кас мағлуб нахоҳад шуд, дар ниҳоят мардуми минтақа ранҷ хоҳад кашид. Ва мо инро ҳоло ҳам эҳсос мекунем, масалан дар зимистон яке барқ надорад ва дар тобистон яке оби кофӣ барои обёрӣ. Аз ин рӯ дар ин бозӣ ягон нафар пирӯз ва мағлуб нахоҳад буд."
Аз ин бозиҳо ба гуфтаи Кирил Валентинӣ, танҳо мардуми минтақа ранҷ хоҳанд кашид, ки ҳатто то замони шӯравӣ роҳҳои истифодаи муштараки обу ҳамзистии осоиштаро омӯхта буданд. Ва чизе, ки ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ ҳам дар сурати гузашт, дар масъалаи тақсими об ва дарки манофеъи якдигар ба он даст меёбанд.