Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сохтмони "Сангтӯда-1" қатъ шуд


Кори сохтмони нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» қатъ шудааст. Мақомоти нерӯгоҳ далели онро пардохт нашудани 18 миллион доллар қарзи ширкати «Барқи тоҷик» медонанд.

Иннокентий Ким, ёвари раиси нерӯгоҳи «Сангтӯда-1», дар гуфтугӯ бо радиои Озодӣ гуфт, ки ба далели адами пардохти қарз ва набудани маблағ барои хариди маводи сӯхт, парки мошинҳои ин нерӯгоҳ аз кор мондааст. Мақомоти нерӯгоҳи «Сангтуда-1» дар ин бора ба Оқил Оқилов, сарвазири кишвар, иттилоъи катбӣ фиристодаанд. Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати «Барқи тоҷик», дар ин бора изҳори беиттилоӣ кард.

Дар ҳоле, ки ахиран Асадулло Ғуломов, муовини нахуствазири Тоҷикистон, дар ҷараёни мулоқоташ бо ҳамтои русияш Игор Сечин гуфта буд, ки масъалаи пардохти қарзи ширкати «Барқи тоҷик» ба ширкати «Сангтӯда-1» ҳалл шудааст ва аз ин ба баъд набояд мавриди баҳс қарор гирад. Аз ин қавли оқои Ғуломов беш аз як моҳ сипарӣ шуда бошад ҳам, мавзӯъи пардохти қарз ҳал нашудааст ва ширкати саҳҳомии «Сангтӯда-1» гуфтааст, ки ба далели пардохт нашудани қарз ин ширкат тавони пардохти ҳуқуқи коргаронашро надорад.

Далели боқӣ мондани масъалаи пардохти қарз бар сари он хулоса мешавад, ки ширкати «Барқи тоҷик» ба қиммати барқи талабкардаи «Сангтӯда-1» розӣ нест. Аз рӯзи шурӯъ ба эҳдоси ин нерӯгоҳ миёни Русия ва Тоҷикистон тавофуқ шуда буд, ки Тоҷикистон ҳар як киловатт соат нерӯи барқи тавлидшударо бо қиммати 1,14 сенти амрикоӣ харидорӣ мекунад. Ва баробари комилан мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин нерӯгоҳ Тоҷикистон ҳар як киловатт соатро бо қиммати 3,1 сент амрикоӣ харидорӣ хоҳад кард.

Дар ҳоли ҳозир, чархаи чоруми ин нерӯгоҳ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Вале маросими расмии он ба баъд то моҳи август ба таъвиқ уфтодааст. Аммо ширкати «Сангтӯда-1» тақозо дорад, ки ҷониби Тоҷикистон муваззаф аст, то аз якуми январи соли 2009 ҳар як киловатт соат нерӯи барқи тавлидшуда дар ин нерӯгоҳро ба қиммати 3,1 сенти амрикоӣ пардохт кунад. Ва бар асоси ҳамин, ширкати «Сангтӯда-1» мегӯяд, қарзи ширкати «Барқи тоҷик» ба 18 миллион доллар расидааст.

Ширкати «Барқи тоҷик» ин қарзро наздик ба 60 миллион сомонӣ медонад, ки ҳудуди 14 миллион доллар аст. Ва ҳамин 4 миллиони доллари тафовут миёни ҳисобҳои ду ҷониб ба сару садо ва кашмакашҳои лафзӣ мунҷар шудааст. Ин дар ҳолест, ки ширкати «Барқи тоҷик» тавони пардохти қарз ба ҳисоби худашро надорад. Ва ба ин далел бархе аз коршиносон бар ин назаранд, ки кашмакашҳои лафзӣ миёни Тоҷикистон ва Русия ба нафъи тавсеаи ҳамкориҳои энержӣ миёни ду кишвар нест ва имкон дорад, ки Русия аз сармоягузорӣ дар дигар тарҳҳои энержӣ дар Тоҷикистон худдорӣ кунад.

Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон соли гузашта дар замони сармо нерӯи барқро аз Туркманистон бо қиммати нозил барои ҳар як киловатт/соат 3,1 сенти амрикоӣ ворид мекард. Ба ҳамин далел Ғуломиддин Сайфиддинов, коршиноси энержӣ, иддаоҳои Русияро дар робита ба қиммати барқ одилона намедонад. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи вай, манбаи аслии тавлиди нерӯ - об аз Тоҷикистон аст ва ин нерӯгоҳ дар қаламрави ин ҷумҳурӣ сохта шудааст ва Тоҷикистон низ дар ин нерӯгоҳ саҳм дорад. Вай афзуд, аз сӯи дигар наметавон ҳама мушкили ин кашмакашҳои лафзиро бар сари Русия бор кард ба далели он, ки дар гузашта мақомоти ширкати «Барқи тоҷик» ба мӯҳтавои қарордоди имзокардааш хуб ошно нашуда, бидуни масъулият ин қарордодро имзо кардааст, ки имрӯз ҳарду ҷонибро гирифтори ин мушкил кардааст.
XS
SM
MD
LG