Пиер Морел, фиристодаи вижаи Иттиҳодияи Аврупо ба Осиёи Марказӣ ва Қафқоз гуфт, ин созмон аз ташаннуҷи вазъ дар Афғонистону Покистон ва таъсири он ба Тоҷикистон нигарон аст.
Морел гуфт, эътимоде, ки 12 сол пеш дар Тоҷикистон ба даст омадааст бояд аз даст наравад. Вай афзуд, «аз ин хотир васвасаи қаблӣ шояд дар шакли нав баргардад. Барномаҳое, ки Иттиҳодияи Аврупо ва Тоҷикистон рӯяшон кор мекунанд, қабл аз ҳама ба тақвияти марзҳо ва мубориза бо маводи мухаддир равона шудааст ва ба Иттиҳодияи Аврупо маълум аст, ки гурӯҳҳои силоҳбадаст маҳз ба тиҷорати силоҳу афъюн сарукор хоҳанд дошт».
Фиристодаи вижаи Иттиҳодияи Аврупо дар Осиёи Марказӣ низ ба монанди мақомоти Тоҷикистон дахолати гурӯҳҳои силоҳбадаст ва ҳамзамон қочоқбарро дар ҳаводиси шарқи Тоҷикистон баъид намедонад.
Изҳори нигарониии фиристодаи ИА дар пасманзари сарсусадоҳои бархоста дар бораи вазъи ноҳияи Тавилдара дар шарқи Тоҷикистон садо медиҳад. Кушта шудани фармондеҳи собиқи мухолифин генерал Мирзо Зиёев бар ин нигарониҳо боз ҳам афзуд ва суолеро акнун дар зеҳнҳо ба чархиш овардааст, ки агар ин ҳама шоеот дар бораи аз Афғонистону Покистон ба шарқи Тоҷи кистон рахна кардани теъдоде аз ҷангиёни ҲИУ заминаи воқеъӣ дошта бошад, оё эҳтимоли ба вазъи Афғонистону Покистон ҳамранг авзоъ дар Тоҷикистон акнун то куҷо қобили арзёбист. Хуксусан дар пасманзари сӯҳбатҳои ахири намояндаи Брюсел дар Осиёи Марказӣ Пиер Морел.
Коршиносони тоҷик оянда ва пойдории амнияти Тоҷикистонро аз се зовия ба таҳлил мекашанд: яке, ин ки Тоҷикистон кишвари қашшоқ ва фазояш низ барои бурузи қишрҳои норизо аз сиёсатҳои ҳукумат мусоид аст, дигар, узвияти ин кишвар дар созмонҳои таҳти нуфузи Русияву Чин ва саввум, пуштибонии ҳукумати Тоҷикистон аз маъракаҳои мубориза алайҳи тундгароиву терроризм.
Абдулғанӣ Муҳаммадазимов, коршинос дар умури сиёсӣ мегӯяд, омили аслии барангезандаи ноамниҳо дар Тоҷикистон қабл аз ҳама дар дохили кишвар нуҳуфтааст.
Вай меафзояд, «ҳаводиси ахир нишон доданд, ки аз ҷанги шаҳрвандӣ шумораи муайяни одамоне боқӣ мондаанд, ки то ҳанӯз реинтегратсия, ба зиндагии ҷомеа ворид нашудаанд. Онҳо собиқ муҷоҳид номида шуданд ва дигар натавонистанд дар ҷомеа ҷойи худро ёбанд. Гурӯҳҳое ҳам ҳастанд, ки ба гурӯҳҳои террористӣ хайрхоҳанд. Ва ҳам гурӯҳҳое ҳастанд, ки аз сиёсатҳои режими имрӯзаи сиёсӣ норизо ҳастанд ва онҳо бештар таваҷҷӯҳ доранд ба исломи сиёсӣ. Ҳтто маҳалгароӣ ҳам метавонад як омил бошад».
Муҳаммадазимов афзуд, Тоҷикистон бо кӯмаки созмонҳои таҳти нуфузи Русия ва Чин, аз қабили Паймони амнияти дстаҷамъӣ ва Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой метавонад аз кӯшишҳои ноамн кардани кишвар ба дараҷаи Афғонистону Покистон зудтар ҷилавгирӣ кунад.
Аммо Исмоил Раҳматов, устоди Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, мегӯяд, нуфузи Русия дар минтақа феълан чандон бузург нест ва Маскав наметавонад ҳатто ба дараҷаи ибтидои солҳои 90 ба вазъи Тоҷикистон таъсир расонад. Вай афзуд, хатари ноаёне, ки дар Тоҷикистон сол то сол рушд мекунад, афзоиши нерӯҳои тундгаро ва рӯҳияҳои тундгароӣ дар ҷомиа аст.
Исмоил Раҳматов меафзояд, «ман комилан бо Пиер Морел ҳамфикр ҳастам. Агар аз ин равандҳо ҳукумати Тоҷикистон ҷилавгирӣ накунад, солҳои наздик вазъияти Тоҷикистон аз вазъияти Афғонистон ҳам бадтар мешавад. Касофатии ҷанги Афғонистон ба Тоҷикистон ҳам задааст. Аз рафтуомад ба Афғонистон, Покистон ва дигар кишварҳои исломӣ, ки дар онҳо рӯҳияҳои тундгароии исломӣ ва хуруфот авҷ кардаанд, мардуми мо ҳам тағйир меёбад, хурофотӣ мешавад. Ин чизҳо хеле хатар доранд».
Дар ҳамин ҳол Абдуллоҳи Ҳаким, коршиноси дигар дар умури сиёсӣ, мегӯяд, Тоҷикистон имрӯз бояд ба таҷрибаи сулҳ ва ҷанги солҳои 90 рӯ оварад ва аз нав онро арзёбӣ кунад, ки чаро ҷанги шахрвандӣ ба вуқӯъ пайваст ва чаро бояд сулҳ мешуд.
Ба гуфтаи ӯ, «таъсири вазъи Покистону Афғонистон ба Тоҷикистон мустақим нахоҳад буд. Ин ҷо фақат гап дар бораи марз нест, балки бофти ҷомеаи Афғонистон аз Покистон ва бофти ҷомtаи Тоҷикистон аз ҳардуи онҳо хеле тафовут дорад. Аз ин хотир дар кӯтоҳмуддат имкони густариши он ҳаводис ба Тоҷикистон вуҷуд надорад».
Минтақаи Тавилдара, саҳнаи аслии рӯёрӯиҳо дар солҳои ҷанги дохилии Тоҷикистон, аз авоили моҳи май ба ин сӯ дубора вирди забонҳост. Мақомот аммо сарусадоҳои бархоста дар бораи дубора дар ин қаламрав пайдо шудани гурӯҳҳои силоҳбадастро радд карда, эъзоми нирӯҳои изофӣ ба он минтақаро низ ба амалиёти саросарии “Кӯкнор 2009” рабт медоданд.
Аммо ба таври, бо вуҷуди шарҳи мақомот, ҳамоно пурасрор кушта шудани генерал Мирзо Зиёев дар таърихи 11 июл ба он ишора мекунад, ки ончӣ имрӯз дар Тавилдара мегузарад, хеле фаротар аз танҳо як амалиёти “Кӯкнор-2009" аст.
Фиристодаи вижаи Иттиҳодияи Аврупо дар Осиёи Марказӣ низ ба монанди мақомоти Тоҷикистон дахолати гурӯҳҳои силоҳбадаст ва ҳамзамон қочоқбарро дар ҳаводиси шарқи Тоҷикистон баъид намедонад.
Изҳори нигарониии фиристодаи ИА дар пасманзари сарсусадоҳои бархоста дар бораи вазъи ноҳияи Тавилдара дар шарқи Тоҷикистон садо медиҳад. Кушта шудани фармондеҳи собиқи мухолифин генерал Мирзо Зиёев бар ин нигарониҳо боз ҳам афзуд ва суолеро акнун дар зеҳнҳо ба чархиш овардааст, ки агар ин ҳама шоеот дар бораи аз Афғонистону Покистон ба шарқи Тоҷи кистон рахна кардани теъдоде аз ҷангиёни ҲИУ заминаи воқеъӣ дошта бошад, оё эҳтимоли ба вазъи Афғонистону Покистон ҳамранг авзоъ дар Тоҷикистон акнун то куҷо қобили арзёбист. Хуксусан дар пасманзари сӯҳбатҳои ахири намояндаи Брюсел дар Осиёи Марказӣ Пиер Морел.
Ҳаводиси ахир нишон дод, ки аз ҷанги шаҳрвандӣ шумораи муайяни одамоне боқӣ мондаанд, ки то ҳануз ба зиндагии ҷомеа ворид нашудаанд. Онҳо собиқ муҷоҳид номида шуданд ва дигар натавонистанд дар ҷомеа ҷои худро ёбанд...