Вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар як баёнияи муштарак ҳодисаи куштори Мирзо Зиёев, собиқ вазири ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон ва фармондеҳи пешини нерӯҳои иттиҳоди мухолифини тоҷикро ба гурӯҳи номаълуме рабт доданд.
Дар ин баёния, ки зуҳри имрӯз пахш шуд, омадааст, ки субҳи 11-уми июл дар рафти корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар яке аз посгоҳҳои ноҳияи Тавилдара Мирзо Зиёев бо писараш ва Ҳикматулло Азизов, сардори хадамоти ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Тавилдара, боздошт шудааст.
Ин дар ҳолест, ки аз ин пеш гуфта мешуд, ки Мирзо Зиёев худ довталабона ба давлат таслим шуда ва низ довталабона азми мусоидат ба гуфтушунид бо силоҳбадастони дигар бо шумули Неьмат Азизовро кардааст.
Дар баёнияи Вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон гуфта мешавад, ки «худи ҳамон рўз Мирзо Зиёев ба хоҳиши худ розӣ шуд, ки ҷойҳои нигоҳдории яроқу аслиҳаро нишон дода, бо аъзои боқимондаи гурўҳи ҷиноии Неъмат Азизов бо мақсади таслим шуданашон гуфтушунид намояд».
Вале, тибқи баёнияи мазкур, «дар ҷараёни ин амалиёт бо роҳбаладии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар деҳаи Ағбаи дараи Сурхоби ноҳияи Тавилдара аз ҷониби гурӯҳи силоҳбадасти ғайриқонунӣ ҳуҷуми ногаҳонӣ сурат гирифтааст ва дар натиҷа Мирзо Зиёев ба ҳалокат расида ва якчанд корманди мақомоти корҳои дохилӣ ва амниятӣ ҷароҳат бардоштаанд».
Амалиёти "Кукнор"?
Бино ба тафсилоти мақомот, амалиёти зидди Мирзо Зиёев, Неьмат Азизов ва тарафдоронашон дар Тавилдара дар чаҳорчуби амалиёти пешгирии гардиши маводи нашъадор таҳти унвони «Кукнор-2009» дар шарқи кишвар сурат гирифтааст. Ва яке аз ҳамроҳони Зиёев - Неъмат Азизов, ки мақомот ӯро «узви фаъоли ташкилоти байналмилалии террористии «Ҳаракати исломии Ўзбакистон» номидаанд, бино бар ин баёния, дар интиқоли маводи мухаддир даст доштааст: "Бояд қайд кард, ки канали интиқоли маводди нашъадорро узви фаъоли ташкилоти байналмилалии террористии "Ҳаракати исломии Ӯзбакистон", Азизов Неъмат Саъдуллоевич сарварӣ намуда, онро маҳз барои маблағгузорӣ ва сарпарастии гурӯҳҳои террористӣ истифода мекард."
Шарҳи мақомот ҳамчунин дар бораи хабарҳои зиддунақизи тайи ду моҳи ахир аз минтақаи шарқи кишвар равшанӣ андохтааст. Бар асоси ин баёния, рўзи 11-уми майи соли ҷорӣ дар натиҷаи ҳуҷуми гурўҳи Неъмат Азизов ва Мирзо Зиёев дар деҳаи Чорсуни болои ҷамоати Сағирдашти ноҳияи Дарвоз 3 нафар сарбоз гаравгон гирифта шудааст ва афсар Абрибат Алишоев ба ҳалокат расидааст.
Ҳуҷум ба Тавилдара
Мақомот мегӯянд, ҳамчунин рӯзи 8-уми июн ба маркази маъмурии ноҳияи Тавилдара ҳуҷуми мусаллаҳона сурат гирифтааст, ки дар натиҷаи он 4 нафар аъзои гурӯҳи Мирзо Зиёев ва Неъмат Азизов кушта шудаанд. Дар баёнияи Вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон гуфта мешавад, ин ҳамалот кори дасти гуруҳҳои марбут ба Мирзо Зиёев, Неъмат Азизов ва Ҳикматулло Азизов, мулаққаб ба "Кури Малиш" будааст.
Бино бар ин баёния, дар пайи ҳамлаи 8 июн "роҳҳои эҳтимолии ақабнишинӣ ва фирори гурӯҳи ҷиноӣ таҳти назорат ва мушоҳида қарор дода шуда, дар натиҷа як қисми аъзои гурӯҳи силоҳбадаст ба муҳосира гирифта мешаванд, ки баъди ин 20 нафар аз аъзои гурӯҳи ҷиноии М. Зиёев ва Н. Азизов маҷбур мешаванд, ки бо силоҳҳои оташфишон ва дигар лавозими ҷангиашон ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ таслим шаванд." Гуфта мешавад: аз ин афрод теьдоди зиёди автомату пулемёт, снайпер, норинҷакандоз, норинҷак ва соьир анвоьи муҳимоти ҷангӣ мусодира кардаанд.
Дар баёнияи Вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ҳамчунин гуфта мешавад, ки "дар ҳайъати гурӯҳи мазкур панҷ нафар шаҳрвандони Русия, миллаташон чечен, бо мақсади интиқоли маблағи калони пулии аз ҳисоби фурӯши маводди нашъадор ба дастовардаи Зиёев. М. А. ва Азизов Н.С. барои созмонҳои террористии Афғонистон ва Покистон ба Тоҷикистон омадаанд ва муваққатан дар шаҳри Душанбе истиқомат доштанд." Гуфта мешавад, "дар ҷараёни амалиёти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ онҳо низ дастгир шудаанд."
Роҳи охирини Мирзо Зиёев
Мирзо Зиёев дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аз фармондеҳони аршади нирӯҳои Иттиҳоди мухолифин тоҷик буд ва соли 1999 тибқи саҳмияи сидарсадаи оппозисиюн ба мақоми вазири ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон тайьин шуд. Зиёев дар ин симат то поёни соли 2006 кор кард ва ба дунболи барканориаш аз мақом аз сиёсат канор рафта буд ва умдатан дар ватани бобоияш - Тавилдара ба сар мебурд.
Дар авоили моҳи май дар бораи пайдо шудани афроди силоҳбадасти марбут ба фармондеҳи собиқи мухолифин Мулло Абдулло Раҳимов дар Тавилдара сарусадоҳо зиёд шуданд ва эьзоми нирӯҳои иловагӣ аз ҷониби ҳукумат ба он минтақа ба оташи ин овозаҳо равғани бештар рехт. Аммо мақомот то кунун мегуфтанд, эьзоми ин нирӯҳо дар чаҳорчуби амалиёти саросарии "Кукнор-2009" сурат гирифтааст ва сухан дар бораи кадом нирӯи силоҳбадасте дар қаламрави Тавилдара намеравад.