Додситонии кулли Тоҷикистон барои расидагӣ ба марги мармузи Хуршед Бобокалонов-мудири шӯъбаи қабули беморони Маркази саратоншиносии Тоҷикистон, ки пас аз як муноқиша бо кормандони милисаи шаҳри Душанбе ба ҳалокат расид, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Бобоҷон Бобохонов додситони кулли Тоҷикистон гуфт, дар робита бо далели қазияи муноқишаи кормандони милиса бо Хуршед Бобокалонови 33-сола, ки боиси марги табиб шуд, корҳои тафтишотӣ оғоз шудаанд. Тибқи фарзияи расмӣ Хуршед Бобокалонов дар ҳоли мастӣ ҳангоми гузаштан аз роҳ қоидаи роҳро риоят накардааст ва ҳушдори пулиси роҳро нодида гирифтааст. Пулис вайро боздошт кардааст ва ҳангоми интқол ба боздоштгоҳ вай дар дохили мошини пулис ҷон додааст. Аммо хешовандони Хуршед мегӯянд, ки у аслан шароб наменӯшид ва дар натиҷаи шиканҷаи кормандони пулис кушта шудааст. Ба қавли Саодат Қулиева модари Бобокалонов, кормандони милиса, Хуршедро то кафидани дил шаллоқ зада, баъдан ҷасади ӯро ба мурдахонаи шаҳр интиқол додаанд.