Эътирози Додситони кул аз ҳукми Додгоҳи олӣ

Бобоҷон Бобохонов, додситони кулли Тоҷикистон

Бобоҷон Бобохонов, додситони кулли Тоҷикистон, дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе, ҳукми Додгоҳи олӣ дар баробари 31 нафар аз шарикони Низомхон Ҷӯраев, собиқ вакили Маҷлиси вилояти Суғд ва раҳбари корхонаи кимиёи шаҳри Исфараро, ки ба солҳои тӯлонӣ аз озодӣ маҳрум шудаанд, ғайриқонунӣ ва беадолатона донист.
Вай гуфт, агар Додгоҳи олӣ ба эътирози онҳо дар ҳамин хусус посухи мусбат надиҳад, алайҳи қозии ин мурофиаи додгоҳӣ парванда боз хоҳад кард.

Додситони кулли Тоҷикистон афзуд, “вақте ин парвандаро тасдиқ мекардем, ибораи созмони муташаккили ҷиноиро аз айбномаи онҳо берун бурдем. Баъд парвандаро ба додгоҳ ирсол кардем ва тӯли як сол ин корро додрас Нуров дида баромад. Дар таҷрубаи чандинсолаи кории худ додгоҳи беадолатонаеро дидам, ки аз рӯйи бандҳои қонун натиҷагирӣ карда, 15 сол медиҳад ва дар болои он 3 соли дигар замм карда, 18 сол мекунад. Барои бекор кардани ин ҳукм эътироз овардем. Агар чораҷӯйӣ накунанд, дар ҳаққи раисикунандаи ҳамин мурофиаи додгоҳӣ парвандаи ҷиноӣ боз мекунам. Ба ҷавобгарӣ мекашам”.

Додгоҳи олии Тоҷикистон мурофиаи парвандаи 33 нафар шарикони Низомхон Ҷӯраевро як моҳи пеш анҷом дода, танҳо ду нафари онҳоро аз толори мурофиа озод ва 31 нафарро ба мӯҳлати аз 10 то 25 сол равонаи зиндон кард. Боздошти ин нафарон дар тирамоҳи соли 2007, ба дунболи ифтитоҳи парванда алайҳи Низомхон Ҷӯраев сурат гирифта, баррасии парвандаашон дар миёнаҳои соли гузаштаи 2008 оғоз ёфта буд.

Аксари онҳо сокинони ноҳияи Исфара ва умдатан ҳамкорони собиқи Низомхон Ҷӯраев мебошанд, ки ба дунболи алайҳаш бох шуданипарвандаи ҷино аз Тоҷикистон фирор карда, феълан дар хориҷ ба сар мебарад.

Неъматулло Мирсаидов, таҳлилгар ва шоҳиди мурофиаи додгоҳии гурӯҳи мутааллиқ ба Низомхон Ҷӯраев дар шаҳри Хуҷанд, мегӯяд, бо вуҷуди анҷоми мурофиаи тӯлонӣ на ҳама нимкосаҳои зери косаи ин қазия боз шудаанд. Вай гуфт, “бозии номуайян рафта истодааст. Шояд асосаш даъво ба моликият бошад. Моликияти шахсоне, ки дар ҷомеа вазн пайдо кардаанд ва ба ҷомеа таъсир гузошта метавонанд. Шояд ин рақобат бошад. Рақобат миёни онҳое, ки дар риштаи бизнес барои ҳамдигар халал мерасонанд”.

Неъматулло Мирсаидов дар ҳоле сӯҳбат мекард, ки даҳҳо наздикони маҳкумшудаи гурӯҳи Низомхон Ҷӯраев, аз ҷумла, модари ӯ, низ пушти дари додситонии кулл барои шикоят навбат мепоиданд. Талоши мо барои рӯшан кардани мавқеъи қозии ин мурофиаи пурсарусадо дар баробари даъвои додистони кулл натиҷа надод.

Вале як моҳи пештар Нур Нуров, қозии ин мурофиа вақте ҳукми додгоҳ дар қиболи ин парвандаро дар толори бинои додгоҳи вилояти Суғд дар Хуҷанд эълон мекард, нафарони маҳкумшударо дар судури як идда ҷиноёти вазнин, аз ҷумла теъдоде аз онҳоро барои ҳамдастӣ дар қатли Толиб Бобоев, собиқи муовини додситони кулли Тоҷикистон дар соли 1999, таъсиси иттиҳоди ҷиноӣ ва ширкат дар чунин созмон, қаллобӣ, сохтакории аснод ва пинҳон доштани андоз гунаҳкор ҳисобида буд.

Бо ин вуҷуд ин барои бори аввал нест, ки додситонии кулли Тоҷикистон башиддат аз эълони ҳукм аз сӯйи додрасҳои Додгоҳи олӣ норизоӣ мекунад. Қаблан ҳам чунин бархӯрди назарҳо миёни Додситони кулл ва Додгоҳи олӣ вуҷуд доштааст, аз ҷумла, дар мавриди ҳукми Маъруф Орифов, раҳбари ширкати Эм энд Пи, молики силсилаи фурӯшнгоҳҳои “Орима” ва Ҷамшед Сиёев, раҳбари ширкати “Ҷамол Компания”, ки дар Тоҷикистон пирамидаи бузурги молиеро дар заминаи тиҷорати мӯҳра ба роҳ андохта буд.

Шокирҷони Ҳаким, устоди ҳуқуқи Донишгоҳи байнулмиаллӣ дар Душанбе, агарчӣ эътирози додситони кулл алайҳи ҳукми Додгоҳи олиро бамаврид медонад, аммо мегӯяд, ки қонунгузорӣ сухани охирро ба салоҳияти додгоҳ вогузоштааст.