Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи боздоштҳо дар вилояти Суғд


Оҷонси мубориза бо фасод нисбат ба чаҳор вакили маҷлисҳои вилоятиву шаҳрии Суғд бо иттиҳоми даст доштан дар ҷароими молӣ парванда боз кардааст.

Миллопар Бандишоев – сардори Оҷонси мазкур гуфт, ин афрод ба думболи боз шудани парванда алайҳи Низомхон Ҷӯраев – собиқ намояндаи Маҷлиси вакилони вилоятии Суғд ва сардори корхонаҳои спирт ва кимиёи Исфара ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудаанд. Ӯ афзуд, ду вакили маҷлиси шаҳри Исфара: Рустам Зикруллоев – сарвари собиқи корхонаи консерв ва Содир Убайдуллоев – яке дигар аз масъулини собиқи ин корхона дар ҳабси пешакӣ қарор доранд ва нисбат ба Бақоев Саидхӯҷа, низ намоянда дар маҷлиси Исфара ва масъули бахши сохтмони корхонаи кимиёи Исфара чораи берун нарафтан аз ҷои зист татбиқ шудааст.

Алайҳи ин афрод аз сӯи Оҷонси мазкур бо бандҳои тасарруфи амволи давлатӣ, пинҳон намудани андоз, ба расмият даровардани маблағ ва амволи дигари ғайриқонунӣ ба даст дароварда иттиҳомот пешниҳод шудааст. Оҷонси мазкур мегӯяд, ин афрод ба хазинаи давлати Тоҷикистон садҳо ҳазор сомонӣ зарари молӣ ворид кардаанд.

Ва ин дар ҳолест, ки Низомхон Ҷӯраев, собиқ вакили маҷлиси вилоятии Суғд ин ҳама иттиҳомот алайҳи худ ва ҳамдастонашро рад карда, қабл аз нисбаташ ифтитоҳ шудани парванда аз Тоҷикистон фирор кардааст.

Аммо яке дигар вакили маҷлиси вилоятии Суғд – Холиқ Бобоҷонов, пешина сарвари хоҷагии ба номи Урунхоҷаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошад, ки Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар устони Суғд аз ӯ маблағи дар пайи фурӯши ғайриқонунии замин ба дастовардааш, 79 ҳазор доллари амрикоиро бар фоидаи давлати Тоҷикистон рӯёнидааст. Ва ҳамакнун Оҷонси мазкур мегӯяд, дар садади боз кардани парванда нисбати оқои Бобоҷонов аст ва аз вакилони Суғд талаби қатъи ваколатҳои вакилии ӯ кардааст.

XS
SM
MD
LG