Идораи умури дохилаи Суғд хабар дод, ки баъд аз як моҳи посбонии шабонарӯзии гӯристонҳо оқибат як гӯрдуздро дастгир карданд.
Фирӯз Боқӣ, сухангӯи ниҳоди мазкур, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ахиран як сокини шаҳри Хуҷанд, ки барои нигаҳ доштани сирри тафтишотӣ ҳоло аз ӯ ном бурда намешавад, шабонгоҳ дар қабристони «Боғи Охун» баъди шикофтани ду гӯр ва берун овардани ҷасадҳо боздошт карда шуд. Дар бораи шахсияти гӯрдузд гуфт, ки зери 40 сол дорад ва дар ягон ҷо кор намекунад .
Ҳамин тавр, фарзияе, ки гӯрдуздони қашшоқ барои дуздии дандонҳои тиллоӣ мурдагонро аз қабрҳо берун мекашанд, ба ҳақиқат наздиктар мешавад.
Сухангӯи идораи корҳои дохилӣ афзуд, гурӯҳи вижаи милисаҳои баъди як моҳи шабзиндадориҳо дар атрофи қабристонҳо ва ҷустуҷӯҳои пайваста ба боздошти як гӯрдузд даст ёфтанд. Ба гуфтаи вай, дар ҳоли ҳозир милисаҳо шарикони гӯрдузди дастгиршударо ҷустуҷӯ доранд.
Шикофтани гӯрҳо ва дуздии дандонҳои тиллоӣ аз мурдаҳо, ки дар як моҳи ахир дар чанд гӯристони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров паиҳам сурат мегирифт, аз ҷумлаи ҷиноёти пуровозае буд, ки дар миёни сокинони Суғд сару садоҳои зиёдеро ба бор оварда, сокинон аз таъхири мақомоти интизомӣ дар боздошти гӯрдуздон изҳори нигаронӣ мекарданд. Ба гуфтаи сокинон, дар даҳсолаҳои ахир дар вилояти Суғд ин навъи дуздӣ иттифоқ наафтода буд.
Идораи корҳои дохилии Суғд дар бораи ин қазиа дар авохири моҳи май аз рӯи банди 243–и Асноди ҷиноии Тоҷикистон - “таҳқири ҷасади фавткардагон ва гӯри онҳо” парвандаи ҷиноӣ боз карда буд.