Квотаи президентӣ нопурра монд

Квотаи ҷудонамудаи президентӣ барои макотиби Бадахшон нопурра монда, акнун барои ҳафт ҷойи холимонда довталабон дар маркази ҷумҳурӣ талош хоҳанд варзид.
Мирзошариф Шодиев, роҳбари комиссияи қабули довталабон изҳор дошт, ки сатҳи пасти дониши номзадҳое, ки барои дохилшавӣ ба макотиби олии кишвар аз тариқи квотаи президентӣ дар Бадахшон пешниҳод шуданд, чунин вазъиятро ба вуҷуд овардааст.

Ба гуфтаи сардори комиссия, дар бархе аз навоҳӣ агарчи номзадҳо дубора пешниҳод шуданд, аммо ба далели пайдо карда натавонистани донишҷӯи арзанда ин довталабон рад шуданд. Бархе аз намояндагони мақомоти маҳаллӣ сахтгиририи комиссияро ба далели табдил додани сӯҳбат, тавре дар низомнома пешбинӣ шудааст, ба имтиҳон барои толибилмон аз маҳалҳои дурдаст ва хонаводаҳои камбизоат амали муғризона арзёби мекунанд.

Ба фикри онҳо, комиссия бояд бо назардошти шароити макотиби маҳалҳои дурдаст, ки тайи солҳои охир ба мушкилоти камбуди мутахассисони фанҳои дақиқ рӯ ба рӯ гардиданд, ба довталабон бархурд дошта бошад.

Сатҳи пасти дониши номзадҳое, ки барои дохилшавӣ ба макотиби олӣ аз тариқи квотаи президентӣ дар Бадахшон пешниҳод шуданд, чунин вазъиятро ба вуҷуд овардааст ...
Аммо ба гуфтаи сардори идораи маорифи вилоят Ғарибшо Ғарибшоев, мушкилоти квота бинобар адами ҳамоҳангӣ байни мақомоти маҳаллӣ ва сохторҳои маориф дар маҳалҳо буруз кардааст. Вай гуфт, ки ҳаққи муайян намудани номзадҳо барои квотаи президентӣ саллоҳияти мақомоти маҳалӣ мебошад, аммо тавре ба назар мерасад, мақомоти маҳаллӣ аз ин имконият самаранок истифода накардаанд.

Ба қавли раиси комиссия, меъёри ҳадди ақали пешниҳоди номзадҳо ва ҳануз ҳам дар мавриди квота роҳ додан ба сӯйистифода аз ваколат ба фоидаи хешовандону наздикон аз ҷониби намояндагони мақомоти маҳаллӣ сабаби аз доираи ширкат берун мондани афроди соҳибистеъдод шудааст.

Ақлимо Шоалифова, як сокини шаҳри Хоруғ, изҳор дошт, ки акнун довталабон ва волидайн маҷбур ҳастанд, ки барои дарёфти квотаи боқимонда ба Душанбе сафар кунанд. Ба гуфтаи вай, истеъдодҳои хуб дар маҳалҳо ҳастанд, вале азбаски ашхоси масъул ба кофтану ёфтанашон манфиатдор нестанд, ҳамасола дар мавриди интихоби довталабон тариқи квотаи президентӣ мушкилот ва норизоиятҳо арзи вуҷуд мекунанд.

Вай баён дошт, ки дар як озмуни қаблӣ берун аз доираи квотаи президентӣ байни 14 довталаб ба як ҷой дар Донишкадаи муносибатҳои байналмиллалии Маскав (МГИМО) хатмкунандаи мактаби маҳалли дурдасти ноҳияи Ишкошим ғолиб дониста шуд ва ин баёнгари мавҷудияти истеъдодҳо дар маҳалҳо мебошад. Ба гуфтаи вай, дар ҳар ноҳия зиёда аз 40 мактаб фаъолият дорад ва хонандагони лаёқатманро дар байнашон ҳамеша дарёфтан мумкин аст.

Аммо устоди Донишгоҳи давлатии Хоруғ Ҷонмуҳаммад Пиров мегӯяд, ки вай шоҳиди ба тадриҷ коҳиш ёфтани сатҳи дониш дар макотиби вилоят будааст. Ба гуфтаи ӯ, қаблан дар мавриди интихоби яке аз аз се довталаб аз манотиқи дурдаст тариқи квотаи президентӣ аъзои комиссия бинобар тангии фурсат маҷбур шуданд, шахсеро интихоб кунанд, ки аз рақибонаш андаке фарқ доштааст.

Вай гуфт, аз посух ба суолҳои «Ҷазира аз нимҷазира чӣ фарқ дорад?» ду нафар оҷиз монда, нафари саввуме, ки гуфтааст «Ҷазира аз нимҷазира фарқи калон дорад», қабул гардид. Ба гуфтаи як манбаъ, ки комиссиюнро ҳамроҳӣ мекардааст, як довталаб дар ноҳияи Ванҷ ба суоли «Ҷанги Бузурги Ватанӣ кай ва бо ташаббуси кӣ сар шудааст?», посух додааст, ки «Соли 1992 бо сардории президент».

Дар ҳамин ҳол, ба фикри коршиносон, аз дасти мақомоти маҳаллӣ кашида гирифтан ва ба салоҳияти идораҳои маориф дар минтақаҳо додани ихтиёрдории квотаи президетӣ бесарусомонӣ ва сӯйистифода аз квотаро камтар хоҳад кард.

Тибқи квотаи президентӣ, имсол 127 нафар довталаб ба таҳсил дар риштаҳои гуногуни макотиби олии кишвар фаро гирифта мешаванд.
Имсол барои нахустин бор комиссия барои сабукӣ овардан ба довталабон аз хонаводаҳои камбизоат ба навоҳӣ сафар кардааст, вале акнун иддае аз довталабон ва волоидайнашон маҷбуранд барои баргузории сӯҳбат дар маркази ҷумҳурӣ ҷомадонҳоро омода созанд.