Се шаҳрванди Афғонистон аз бозори марзии Хоруғ ихроҷ ва китобҳояшон ба далели хилофи дини ислом ва иғвобарангез будан мусодира гардидаанд.
Ба гуфтаи ваколатдори давлатӣ оид ба дин дар Бадахшон Сардорбек Азорабеков, ин китобҳо дар паи шикояти шаҳрвандони кишвар аз зуҳури афроди бо ном «мулло» дар бозори марзӣ дар натиҷаи як санҷиши муштарак бо кормандони идораи амнияти вилоят мусодира ва ба дар ташхис қарор доранд.
Ваколатдор оид ба дин афзуд, ки дар байни китобҳои мусодира гардида «Гулзори таъвизот», «Нақши сулаймонӣ» ва «Шифо-ал-ақсом вал аҳзом» мавҷуд ҳастанд, ки дар онҳо ба ҷуз аз роҳҳои анъанавии табобат усулҳои номашруҳ ба мисли гарм ва ё хунук намудани муҳаббат, тасхироту мусаххарот дар мавриди тобеъ намудани як кас ба каси дигар ва сеҳр бастану фол кушодан тасвир ёфтаанд.
Вай гуфт, аммо дари бозорҳои марзӣ барои афроде, ки аз кишвари ҳамсоя ба хотири тумор навиштан, фолкушоӣ ва фолбинӣ ба он ворид мешаванд ва аъмолашон боиси эҷоди ҳодисаҳои низоъбарангез дар байни шаҳрвандон шудааст, баста мегардад. Вай афзуд, ҳамчунин дар бозори марзии Ишкошим чунин як муллои кишвари ҳамсоя, ки бо кушодани авроқи «китоби сеҳрнок» сабаби бадбахтии як шаҳвандро ба ҳамсояаш марбут дониста, ба низоъ ва бадбинии байни ду ҳамсоя мусоидат кардааст аз бозори марзи ронда шудааст.
Сардорбек Азорабеков баён дошт, ки аммо ҳодисаҳои аз ҷониби муллоҳои маҳаллӣ ба вуҷуд овардани ҳолатҳои низоъбарангез байни шаҳрвандон бо илҳом аз ҳамтоёни онсӯи марзиашон низ маълум ҳастанд.
Дар ҳамин ҳол додситонии вилоят аз фаъолшавии гурӯҳҳои ифротии динӣ дар Бадахшон изҳори нигаронӣ намуда, мегӯяд, ки агарчанде «Салафия» тибқи қонун мамнӯъ эълон шудааст, аммо кӯшиши аз худ дарак додани ҷонибдорони ин равия дар навоҳии поёнии вилоят ба мушоҳида расидааст. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар рафтори бархе аз намояндагони як ҷараёни динӣ бо номи «Таблиғ-ут-даъва» дар Мурғоб, ки шумораи ҷонибдоронаш аз 180 кас гузашта, бештари аъзои он таҳсилнамудаи макотиби динии шаҳрҳои Уш ва Бишкеки Қирғизистон ҳастанд, ҳаракатҳои берун аз доираи қонун зоҳир мешаванд.
Ваколатдор оид ба дин афзуд, ки ҳамчунин соли гузашта, ҳангоми тақсими кумак дар маҳалли дурдасти ноҳияи Ишкошим кӯшиш аз ҷониби гурӯҳи баптистҳо паҳн намудани адабиёти динӣ аз тарафи мақомоти амниятии ноҳия ҷилавгирӣ шудааст.
Ба гуфтаи журналист Гулос Мамадлоиқов, қонун дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ фаъолияти иттиҳодияҳо ва равияҳои мухталифи диниро кафолат дода, танҳо худшиносӣ ва донишу шуури баланди динӣ метавонад сади роҳи густариши адёни ғайр эътиқод ба сеҳру фолкушоӣ шавад.