Додгоҳи Олии Тоҷикистон мурофиаи парвандаи 33 нафар гурӯҳи Низом Ҷӯраевро анҷом дод ва 2 нафарро аз толори мурофиа озод ва 31 нафарро ба муҳлатҳои аз 10 то 25 сол маҳкум ба зиндон кард.
Ду бародари Низомхон Ҷӯраев – собиқ узви маҷлиси вакилони вилояти Суғд -- Фахриддин ва Толиб Ҷӯраевҳо бо ҳукми Додгоҳи Олӣ яке ба 25 ва дувумӣ ба 21 сол, ду вакили собиқи Маҷлиси шаҳри Исфара -- Содирхон Убайдуллоев ва Илёсхон Абдуллоҷонов ба 19 ва 10 соли ҳабс маҳкум шуданд.
Додгоҳи Олӣ танҳо ду корманди собиқи корхонаи кимиёи Исфараро, ки ба ҷиноятҳои иқтисодӣ айбдор мешуданд, бегуноҳ баровард ва аз толори муҳркима озод намуд.
Нур Нуров, раиси мурофиаи ин парванда ва додраси Додгоҳи олӣ, зимни эълони ҳукм дар толори додгоҳи вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд гуфт, нафарони маҳкумгашта ба содири як идда ҷиноёти вазнин, аз ҷумла теъдоде аз онҳо барои ҳамдастӣ дар куштори Толиб Бобоев – собиқи муовини додситони кулли Тоҷикистон дар соли 1999, таъсиси иттиҳоди ҷиноӣ ва ширкат дар он ва бархе баро қаллобӣ, аз худ кардани амволи ғайр ба миқдори махсусан бузург, сохтакории аснод, пинҳон доштани андоз ва ғайра мутобиқи асноди ҷиноии Тоҷикистон гунаҳкор ҳисобида шуданд.
Вакилони мудофеи бархе аз ин афрод мегӯянд, ки ҳукми Додгоҳи олиро ноодилона меҳисобанд ва шикояти кассатсионӣ хоҳанд бурд. Ба гуфтаи онҳо, нисбати аксари кулли маҳкумшудагон кор гирифтан аз банди 189–и Асноди ҷиноии Тоҷикистон – таъсиси иттиҳоди ҷиноӣ ва иштирок дар он, дар ҳоле ки айбдоркунандаи давлатӣ онҳоро танҳо ба содири ҷиноёти иқтисодӣ муттаҳам шинохт, мунсифона нест.
Боздошти гурӯҳи 33 нафарӣ дар тирамоҳи соли 2007, ба думболи ифтитоҳи парванда алайҳи Низом Ҷӯраев - собиқ вакили маҷлиси вилояти Суғд ва сарвари пешини корхонаҳои кимиё ва спирти Исфара сурат гирифта, бозбинии додгоҳии парвандаи онҳо дар миёнаҳои соли гузаштаи 2008 оғоз ёфта буд.
Аксари ин 31 нафар сокини ноҳияи Исфара ва умдатан ҳамкорони собиқи Низом Ҷӯраев мебошанд, ки худаш дар ҳоли ҳозир дар берун аз Тоҷикистон ба сар мебарад ва барои боздошташ мақомоти Тоҷикистон аз Полиси байнулмилалӣ -- Интерпол кӯмак хостаанд.
Дар замони мурофиа 17 нафари онҳо дар боздошт ва 16 нафар, ки умдатан ба содири ҷиноёти иқтисодӣ муттаҳам мешуданд, дар озодӣ, ба шарти хориҷ нашудан аз маҳалли зист ба сар мебурданд.