Додгоҳи шаҳри Кӯлоб як сокини деҳаи Зиракии ноҳияи Кӯлобро барои вайрон намудани қонуни танзим ва расму оинҳо ба маблағи дуюним ҳазор сомонӣ ҷарима баст.
Ба қавли Аслам Холов, раиси додгоҳи шаҳр Сафаралӣ Самадов дар манзили зист хилофи қонуни «танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» амал намуда, барои 15 нафар ҳоҷӣ зиёфат оростааст. Ҷаноби Холов мегӯяд, додгоҳ ин парвандаро аз рӯи шикояти бахши танзими анъана ва ҷашну маросимҳои шаҳр ба баррасӣ кашида, мувофиқи шаҳодати шоҳидон ҳалнома баровардааст.
Аммо дар сӯҳбати бидуни микрофон Самадов ҳалномаи додгоҳро ноодилона хонда гуфт, ки ҳоҷиёне, ки ба манзили вай даъват шуда буданд, ҳамагӣ дӯстони ӯ будаанд. Вале Холмирзо Қаландаров, мутахассиси пешбари бахши танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар шаҳри Кӯлоб мегӯяд, «ҳарчанд Самадов Сафаралӣ инкор мекунад, ки гӯиё танҳо ёру рафиқони дар ҳамсоягӣ қарор доштаро даъват намудаааст, аммо далелҳо собит мекунанд, ки дар хонаи ӯ танҳо нафароне ҳузур доштанд, ки ҳамагӣ тавофи хонаи Каъба кардаанд. Шоҳидон шоҳидӣ доданд, ки дар ҳақиқат дар хонаи ӯ маъракаи «ҳоҷиталбон» сурат гирифтааст. Мурофиаи парвандаи ӯ дар ҳузури ҳамагон дар ҳамон деҳа сурат гирифт».
Феълан ба қавли масъулини мақомоти дахлдор тайи 5-моҳи соли ҷорӣ барои аввалин бор як нафар дар шаҳру навоҳии Кӯлоб барои риоя накардан ба қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ба додгоҳ кашида мешавад. Дар ҳамин ҳол аксари сокинони шаҳри Кӯлоб мегӯянд, ҳарчанд аз қабули қонуни мазкур соле гузашта бошад ҳам, аммо ҳанӯз он аз ҷониби шаҳрвандон риоя намегардад.
Рустам Каримов, як сокини шаҳри Кӯлоб, ки ба наздикӣ тӯйи хонадоршавии бародарашро гузаронидааст, мегӯяд, риояи пурра ба қонуни мазкур номумкин аст. Ба қавли вай, мардум ҳанӯз маросиму анъанаҳоро идома медиҳанд, аммо дар шакли дигар. Вай меафзояд, «мо рафтем, шаҳтоз додем ва дигару дигар. Ин маросимҳо дар шакли дигар пинҳонӣ ҳастанд. Мисол, сартарошон. Дар аввал пеши шаҳ руймол мегузоштанд, ҳоло ҳарчанд инро манъ карда бошанд ҳам, аммо мардум пулро дар кисаи шаҳ меандозанд».
Дар ҳамин ҳол Бурҳон Сафарӣ, як рӯзноманигори маҳаллӣ, ки дар ин самт таҳқиқот анҷом додааст, мегӯяд, ба танзим даровардани маросиму анъанаҳо кори мушкил аст. Сафарӣ мегӯяд, «динро ҷорӣ кардан ё расму оинро ба танзим даровардан хеле мушкил аст. Аз як рӯ бад нест, ки касе қудрат дорад, шиками чанд гуруснаро сер кунад. Аммо ҷиҳати нохубаш дар он аст, ки ин кор ба як рақобат табдил ёфта буд, ки камбағал низ бояд баробари доро маросим мегузаронид. Танзим дуруст аст, ҳарчанд кори мушкил аст».
Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ду сол пеш қабул шуда буд. Ҳадаф аз қабули қонун ба танзим даровардан ва камхарҷ гузаронидани расму оинҳои мардум аст. Аммо ҳанӯз ҳам ба қавли коршиносон новобаста ба назорати мақомот, миёни аҳолӣ маросимҳои пурхарҷ ба назар мерасад.
Соли гузашта чаҳор сокини Кӯлоб барои вайрон намудани ин қонун ҷарима шудаанд.