Як намояндаи ширкати “Газпром” гуфт, ки ин ширкат бознигарии шароити қарордоди фурӯши гази Туркманистонро тақозо кардааст. “Газпром” соли гузашта розӣ шуда буд, гази Туркманистонро бо нархи бозори Аврупо, яъне бо қимати 300 доллар барои 1000 метри мукааби газ харидорӣ кунад. Аммо Валерий Голубев, муовини раиси “Газпром”, гуфт, ин ширкат дигар гази Туркманистонро бо чунин қимат ҷое фурӯхта наметавонад ва Ишқобод бояд ё нархи газашро пойин бубарад ва ё ҳаҷми содироти газаш ба Русияро.
Голубев гуфт, Туркманистон алтернативаи дигар низ надорад, чунки дар 5 соли наздик эҳдоси ягонлӯлаи нави газ дар он қаламрав дар назар нест.