«Аксарияти ноболиғоне, ки феълан дар боздоштгоҳҳои Тоҷикистон ба сар мебаранд, бе асос онҷо нигоҳ дошта мешаванд. Дар аксари ҳолот ҷавонон ва ноболиғоне, ки ҷиноят содир мекунанд ва ё ҳамчун гумонбар боздошт мешаванд, дар боздоштгоҳҳо мавриди бозпурсии шадид қарор мегиранд. Бе иштироки падару модарон ва авдокатҳо».
Фаррухи 28-сола, ки 2 солу 6 моҳро дар зиндон паси сар кардааст, аз вазъи бади зиндонҳо ва саломатии маҳбусон ёдовар шуда мегӯяд,
Макаронро дар об андохта, ба мо медоданд, бо дубинка мезаданд, таги пои мо об мепошиданд, таги по нам, аз боло нам..
Масъули Маркази ҳуқуқи башари СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Татяна Хатюхина мегўяд, ки ҷавонони зиндонии Тоҷикистон то ҳанӯз аз лиҳози қонунӣ имтиёз нагирифтаанд, ки дар ҳолати зарурӣ аз ҳуқуқи инсонии хеш дар зиндон дифоъ кунанд. Он ҳам дар ҳоле ки вазъи моддию маънавии ҷавонон бисёр муҳим аст. Хонуми Хатюхина мегўяд: «Аксарияти ноболиғоне, ки феълан дар боздоштгоҳҳои Тоҷикистон ба сар мебаранд, бе асос онҷо нигоҳ дошта мешаванд. Дар аксари ҳолот ҷавонон ва ноболиғоне, ки ҷиноят содир мекунанд ва ё ҳамчун гумонбар боздошт мешаванд, дар боздоштгоҳҳо мавриди бозпурсии шадид қарор мегиранд. Бе иштироки падару модарон ва авдокатҳо. Масалан, шаби соли нав 29 декабри соли 2008 як гурӯҳ ҷавонон ҳамдигарро зери латукӯб гирифтанд ва баъзе ҳам чароҳат бардоштанд. Аммо сарфи назар аз он ки тарафҳо аз даъво гузаштанд, ҷониби ҷабрдида ва гунаҳкор сулҳ карданд, дар қонун гуфта шудааст ки вақте тарафҳо оштӣ мешаванд, бояд қазия қатъ карда шавад, вале қазия катъ карда нашуд ва корро то додгоҳ кашиданд».
Ба қавли Татяна Хатюхина, дар ҳолате ки ҷавонон ҷиноят содир мекунанд ва ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд, механизми қонунгузории Тоҷикистон муқараротеро муаяйн кардааст, ки хилофи ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад. Вай мегӯяд, ҳатто вақте ноболиғон ҷиноят содир мекунанд, то дергоҳ дар боздоштгоҳҳои муваққатӣ нигоҳ дошта мешаванд ва ҳангоми тафтиши парванда ва расидан ба ҳадди ниҳоии додгоҳӣ ба ҷавонони боздоштшуда имконият намедиҳанд, ки бо падару модар, равоншинос ва адвокат мустақиман вохӯранд. Ҳатто дар вақти мурофиаи додгоҳӣ ҳам иштироки равоншинос манъ карда мешавад, ки ин ҳолат боиси сӯъиистифода аз ҳолатҳои равонии ҷавонон мегардад. Дар ҳолатҳои душвори саломатӣ ва вазъи модии ҷавонони маҳбус аз ягон имтиёзи ҳуқуқи бархӯрдор нестанд.
Ба гуфти муовини раиси идораи муассисаҳои корҳои ислоҳии назди Вазорати адлия, Баҳром Абдулҳақов, шароити нигоҳдориии
Зиндониёни тоҷик вобаста ба имконоти Тоҷикистон нигоҳдорӣ мешаванд ва феълан аз 9 ҳазор маҳбуси зиндонишуда, 35 дарсади онҳоро ҷавонон мебошанд.
Сабабҳои ҳимоя нашудани ҳуқуқи ҷавонон дар зиндонро таҳлилгарон дар ноогоҳии ҷавонон аз қонунгузории Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалии ҳуқуқи башар маънидод мекунанд. Таҳлилгар Ҷумъахон Алимӣ мегӯяд, ки зеҳнияти шаҳрвандони мо то ба сатҳе нарасидааст, ки дар ин мавридҳо аз ҳуқуқи хеш дифоъ карда тавонанд.
Коршиносони соҳа мегӯянд, ки новобаста ба он ки ноболиғон ва ҷавонон ҳангоми содир кардани ҷиноят дар асоси талаботи қонунҳои шаҳрвандии Тоҷикистон ба масъулият кашонида мешаванд, онҳоро муддатҳо дар боздоштгоҳҳо нигоҳ медоранд, ки муғоир ба санадҳои байналмилалии ҳуқуқи башар мебошад.