Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қиссаи як тоҷики дар банди боздоштгоҳи Русия


Ба бахши тоҷикии радиои Озодӣ дар Прага ҷавонмарде занг зада, худро Наимҷон Ёқубов, шаҳрванди Тоҷикистон муаррифӣ кард.

Оқои Ёқубов беш аз чор сол аст дар яке аз боздоштгоҳҳои вилояти Маскав бо иттиҳоми интиқоли маводи мухаддир ба сар мебарад. Ахиран додгоҳи шаҳри Подолски вилояти Маскав вайро гунаҳгор дониста ба даҳу ним соли зиндон маҳкум кард. Наимҷон Ёқубов дар як сӯҳбати телефонӣ тавассути телефони мобил гуфт, худро бегуноҳ меҳисобад ва ба эътимоди вай мақомоти ҳифзи қонун ба вай ин гуноҳро бор кардаанд. Талошҳои ӯ барои исботи бегуноҳиаш, аризаҳову номаҳои шикоятии вай ба мақомоти ҳифзи қонуни Русия ва мақомоти сафорати Тоҷикистон дар Маскав тайи ин муддатҳо натиҷа надод.

1 август. Додгоҳи шаҳри Подолски вилояти Маскав шаҳрванди Тоҷикистон Наимҷон Ёқубовро дар нигаҳдорӣ ва қочоқи маводи мухаддир гунаҳгор дониста ба даҳу ним соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард. Наимҷон Ёқубов, ки аз оғоз ба бегуноҳиаш исрор меварзад, ахиран ба бахши тоҷикии радиои Озодӣ занг зад ва гуфт:

"Ман худамро пурра бегуноҳ меҳисобам, барои он ки ҳақиқатан ҳам бегуноҳ ҳастам. Ман далел дорам. Панҷум сол аст, ки ман дар ин ҷо, дар боздоштгоҳи муваққат ҳастам. Ду бор ҳукм бароварда буданд, ду ҳукме, ки қонунӣ набуд, шикаст хӯрд. Ҳоло ҳукми сеюм бароварда ба ман даҳу ним сол дар зиндони низомаш шадид доданд. Маро дар ҷараёни додгоҳ аслан намонданд гап занам ва аз ҳақи худ дифоъ кунам. Маро гӯё барои савдои маводи мухаддир гунаҳгор мекунанд".

Наимҷон Ёқубов яке аз садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик аст, ки ба хотири пайдо кардани рӯзӣ худро ба Русия задаанд. Ӯро чор сол пеш бо иттиҳоми нигаҳдорӣ ва қочоқи маводи мухаддир дар шаҳри Маскав боздошт карданд. Наимҷон дар як сӯҳбати телефонӣ аз яке аз боздоштгоҳҳои муваққати вилояти Маскав ба радиои Озодӣ тавзеҳ дод, ки дар он рӯзи наҳс таксиронӣ мекард. Дар роҳ як ҳамватанашро ба мошин савор карда, ҳамроҳи ӯ ба дасти милиса меафтад. Маъмурони милиса мегӯянд, ки ин ду нафар бо худ 150 грамм ҳероин доштанд. Ҳамсафари Ёқубов баъди чанде раҳо меёбад, аммо худи ӯ инак соли панҷум аст, ки дар боздоштгоҳҳои муваққати вилояти Маскав ба сар мебарад.

Ӯ мегӯяд, ба ҳама ниҳодҳои зидахл арзу дод бурда, номаҳои шикоятӣ ва тақозои одилона баррасӣ шудани қазияашро кардааст, вале бенатиҷа. Бо сабаби кӯтаҳдастии ӯву аҳли хонаводааш Наимҷон Ёқубов то ҳол имкон надошт, ки як вакили вижаро барои дифоъ аз ҳаққаш ҷалб кунад ва аз ин рӯ танҳо аз хидмати вакилони давлатӣ ва ё аз ҷониби додгоҳ таъйиншуда истифода кардааст:

"Вакилонеро, ки ба ман таъин карданд, аслан аз ҳақи ман дифоъ накарданд. Як вакиле, ки ба ман дода буданд, номаш Синитсин буд, вай гуфт, "ту онҳоро нороҳат накун, вагарна мӯҳлати зиёд медиҳанд". Аз ин маълум мешавад, ки вай аз пеш ҳукми додгоҳро медонист ва ё медонист, ки ман аслан шонси раҳошавӣ надорам".

Наимҷон Ёқубов мегӯяд, ки боздошт ва дар зиндон нигаҳ доштан ба манфиати бархе ходимони ниҳодҳои қудратӣ ва додгоҳ аст, ки барои худ нону ном касб мекунанд. Ҳамакнун, Наимҷон мегӯяд, ки ният дорад ба додгоҳи таҷдиди назар аз болои ҳукми додгоҳ муроҷиат карда, охирин талошашро ба харҷ диҳад, то адолат барқарор шавад. Ӯ мегӯяд, дар баробари органҳои адлияи Русия инчунин ба сафорати Тоҷикистон ва консулгарии он дар Маскав муроҷиат кардааст. Ва онҳо ба унвони додситонӣ ва додгоҳ номаҳо навишта расидагии одилонаро ба қазияи ӯ тақозо кардаанд. Ва ҳоло ҳам ӯ мехоҳад, ки дар додгоҳи таҷдиди назари парвандааш намояндаи давлати Тоҷикистон ҳатман иштирок кунад:

"Вақте ки мурофиаи додгоҳии Подолск ҷараён гирифт, ман ба додгоҳ пешакӣ ариза дода навиштам, ки мехоҳам албатта дар мурофиаи ман як намояндаи бетарафи ҳукумати Тоҷикистон аз сафорат ё консулгарӣ иштирок кунад ва ба таври беғаразона дар толори судӣ нишаста бубинад, ки маро чӣ гуна муҳокима мекунанд. Ҳаминро талаб кардам, наомаданд. Ман мехоҳам, ки вақте муҳокимаи аризаи ман дар додгоҳи кассатсионӣ сар мешавад, мехоҳам ақаллан як намояндаи Тоҷикистон омада ҳамаро бо чашми худ бубинад".

Ба ақидаи раҳбари як созмони мудофеи ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия, дар 60 дар сади ҳолатҳо шаҳрвандони Тоҷикистон дар зиндонҳо бо тӯҳмат ва бегуноҳ боздошт мешаванд. Кароматулло Шарифов, раҳбари созмони мавсум ба ТоҷикДиаспора афзуд, ки боздошти шумори ҳарчӣ зиёди ба истилоҳ қочоқбарони маводи мухаддир барои бисёр кормандони ҳифзи ҳуқуқ мартабаи баландтар, маоши бештар ва пешравӣ дар зинаҳои мансабро таъмин мекунад, аз ҳамин хотир, онҳо дар бисёр маврид нафарони бегуноҳро муттаҳам мекунанд.

"90 фоизи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар зиндонҳои Русия ҳастанд, асосан шахсоне ҳастанд, ки тавре мегӯянд бо "дору, бо фурӯши сафедӣ", яъне қочоқи маводи мухаддир машғул шудаанд. Аз ин миқдор, 60 фоизи онҳо мисли Наимҷон дар асл гуноҳ содир накардаанд. Лекин онҳо на аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон ва на аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятӣ пуштибонӣ намешаванд, чунки фақат барои як мурофиаи судӣ ба вакил бояд зиёда аз 10 ҳазор доллари амрикойӣ пардохт шавад".

Дар чунин шароит, Наимҷон Ёқубов мегӯяд, ки аз муқовимат ва мубориза барои барқарории ҳақиқат нисбати худаш тадриҷан ноумед ва дилсард мешавад. Вай мегӯяд, ҳис мекунад зидди як системаи фасодзадаи адлияи Русия мубориза бурда наметавонад ва илоҷе ба ҷуз аз рафтан ба зиндон барояш намемонад.

Аммо Дониёр Худоёров, як шаҳрванди дигари Тоҷикистон ҳамингуна панҷу ним солро дар боздоштгоҳ ба сар бурда ниҳоятан тавонистааст на фақат бегуноҳиашро исбот карда ва ба озодӣ барояд, балки тавассути додгоҳи Аврупоии Страсбург аз ҳукумати Русия 50 ҳазор Евро ҷубронпулӣ низ рӯёнад.

Вақте мо қазияи Наимҷон Ёқубовро ба ӯ шарҳ додем, Дониёр Худоёров гуфт: "Ман ҳам дар ҳамин ҳолат будам. Ба ҳама менавиштам, ба ҳазор ҷо навиштам, ба президенти Русия, ба президенти Тоҷикистон навиштам. Ман аз ягон ҷо ҷавоб нагирифтам. Дидам, ки беқонунӣ дар ин ҷо дар авҷ аст, маҷбур шудам, ки талаботи қонунҳои Шӯрои Аврупоро аз худ карда, худам ба додгоҳи Аврупо муроҷиат кунам. Агар ин ҷо дар ҳақиқат қонуншиканӣ шуда бошад, далелҳо бошад, ҳатман навиштан лозим. Ман омодаам ҳуҷҷатҳояшро бинам, агар воқеан ҳам бинам, ки беқонунӣ шудааст, ман имкони кӯмак карданро дорам. Агар қазия тавре ки гуфтааст бошад, ман ёрӣ мекунам. Умед ба адвокат кардан даркор нест, пофишорӣ карда бо як дил бо нирӯи худ бегуноҳиро исбот кардан лозим аст".

Дониёр Худоёров аз моҳи январи соли 1999 то 28 маи соли 2004 дар Русия бо иттиҳоме, ки баъдан ғайриқонунӣ дониста шудааст, дар боздошт ба сар бурдааст. Тибқи омори ниҳодҳои қудратии Федератсияи Русия то охири соли гузашта дар зиндонҳои ин кишвар 3450 шаҳрванди Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд. Кароматуллоулло Шарифов, раҳбари созмони ТоҷикДиасрора шумори зиндониёни тоҷик дар маҳбасҳои Русияро назар ба омори расмӣ бамаротиб бештар мешуморад ва мегӯяд, 90 % онҳо бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир маҳкум шудаанд. Ба бовари Кароматулло Шарифов, бахши аъзаме аз ин маҳкумшудагон мисли Наимҷон Ёқубов дар асл бегуноҳанд, вале барои раҳоии худ аз зиндон дасти кӯтаҳ доранд.

XS
SM
MD
LG