Барои нахустин бор 8 ёдгории таърихӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ба феҳристи муқаддамотии осори фарҳангии ЮНЕСКО ворид карда шуданд.
Дар ин бора вазорати фарҳанги ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе хабар дод. Ин тасмим ҳафтае пеш дар ҷаласаи ЮНЕСКО, идораи илму фарҳанги СММ, дар Алма-Атои Қазоқистон эълон шудааст. Акнун ин ёдгориҳо ҳамчун мероси ҷаҳонӣ ба рӯйхати муқаддамотии довталабони бахши “Роҳи Абрешим”-и мероси фарҳангии Созмони Милал ворид гаштанд.
Анвар Юсуфов, сухангӯи вазорати фарҳанги Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, тибқи пешниҳоди вазорат, Каучиро Матсуура, дабири кулли ЮНЕСКО зимни сафари ахири худ ба Тоҷикистон дар аввали моҳи май бо ин ёдгориҳои таърихӣ ошно шудааст. Ба гуфтаи Анвар Юсуфов, таваҷҷӯҳи иштирокдорони ҷаласаи ЮНЕСКО- ро дар Алмаато бештар аз ҳама қалъаи Ҳулбук ҷалб кардааст.
Ба гуфтаи коршиносон, ёдгорихои таърихии Тоҷикистон, аз қабили Саразм ва Бунҷикат дар ноҳияи Панҷакент, Қалъаи Ҳисор, шаҳри қадимаи Ҳулбук дар ҳудуди ноҳияи Восеъ, Тахти сангин дар ноҳияи Қубодиён ва пайкараи Буддои кашфшуда дар Аҷинатеппаи ноҳияи Вахш, дар ҳоле ба феҳрасти муқаддамотии “Роҳи Абрешим”-и ЮНЕСКО ворид гаштаанд, ки аксари ин ёдгориҳо ба таҷдиду бозсозии амиқ ниёз доранд, ки он маблағҳои зиёдро тақозо дорад.
Ёдовар мешавем, ки ЮНЕСКО дар ҷаласаҳои қаблии худ аз пешниҳодоти Тоҷикистон дар мавриди ба феҳрасти муқаддамотии ёдгориҳои “Роҳи Абрешим” ворид кардани ёдгориҳои мазкур ҷонибдорӣ накарда буд. ЮНЕСКО тасмим гирифтааст, барои таҷдиду бозсозии ёдгориҳои таърихии “Роҳи Абрешим” дар маҷмӯъ 100 миллион доллар ихтисос диҳад. Ҷаласаи қаблии ЮНЕСКО соли 2007 дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон баргузор гашта буд.