Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёдгориҳои масири Роҳи Абрешим


Ахиран пас аз 2 соли пофишорӣ феҳристи имсолаи Ҷоизаи UNESCO (сандуқи фарҳанги СММ) бо шумули 8 ёдгории меъмории Тоҷикистон нашр шуд.

Ҷаласа – машварати бостонишносон перомуни ворид кардани ёдгориҳои меъмории кишварҳои Осиёи марказиву Чин ба ин ҷоиза дар шаҳри Сиян (пойтахти собиқи имеротурии Чин) ва асосгузори «Роҳи абрешим» доир шудааст.
Музаффар Азизӣ, раиси бозрасии фарҳангӣ ва ҳифзи ёдгориҳои меъмории Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва намояндаи ҳайъати кумиссиюни Тоҷикистон дар ин ҷаласа, мегӯяд, ба феҳристи муддаъиёни ҷоизаи вежаи UNESCO маъмулу машҳуртарин ёдгориҳои меъмориву бостонӣ шомил шудаанд.
Вежагии ёдгориҳои меъмории Тоҷикистон ҳамин аст, ки Бунҷикат, Мадрасаи Хоҷа Машҳад, Панҷакенти қадима, Ҳулбук, Қалъаи Ҳисор, Тахти Сангин, Аҷинатеппа ва кохи Ямчуни Ишкошим дар се шохаи «Роҳи бузурги Абрешим» мустақар будаанд.
Ва аммо шомили феҳристи муддаёини ҷоизаи UNESCO будан ба маънои пирӯзӣ дар ин озмун нест. Вале оқои Азизӣ мегӯяд, танҳо ҳамчун осори меъмории ин шоҳроҳи маъруф қабули ин 8 ёдгорӣ ба ҷоизаи UNESCO нахустин гом дар роҳи шинохти арзиши баланди ёдгориҳои бостонии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG