Қирғизистон тасмим гирифтааст, ки ба осебдидагони офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон ёрии башардӯстона интиқол диҳад.
Таалайбек Темиралиев, сардори раёсати равобити хориҷии вазорати вазъи изтирории Қирғизистон рӯзи панҷшанбе дар ин маврид ба бахши тоҷикии радиои Озодӣ иттилоъ дод.
Оқои Темиралиев таи як сӯҳбати ихтисосӣ ба радиои «Озодӣ» изҳор дошт, ки мақомоти кишвараш дар ҷавоб ба муроҷиати мақомоти Тоҷикистон ба ин тасмими хайрхоҳона даст задааст.
Таалайбек Темиралиев тазаккур дод, ки боришоти шадиду пайдарҳам Тоҷикистон ва мардуми онро ба хисороти зиёди ҷониву молӣ мувоҷеҳ намуд. Ӯ мегӯяд, ки беш аз даҳ ҳазор сокини минтақаҳои офатзадаи Тоҷикистон бидуни сарпаноҳ мондаанд.
Вай афзуд, дар ин кишвари ҳамҷавори Қирғизистон ҳамчунин зиёда аз 160 километр роҳи мошингард хароб гардида, даҳҳо симчӯби барқ аз байн рафтааст, шабакаҳои обрасонӣ ғайриқобили истифода шудаанд.
Бино ба суханони оқои Темиралиев боришоти шадид ба сад муассисаҳои мухталифи давлатии Тоҷикистон низ хисорот ворид кардааст, ки тахмин меравад, ҳаҷми умумии ин хисорот беш аз 100 миллион доллари амрикоиро ташкил диҳад.
Ба таъкиди Таалайбек Темиралиев бо дархости ҷониби Тоҷикистон маводи сохтмонӣ, аз қабили шифер, тахта ва дигар масолеҳи сохтмонӣ, ҳамчунин трансформаторҳои барқ ва таҷҳизоти дигари мавриди ниёзи осебдидагон дар ҳоли интиқол додан қарор дорад.
Сардори раёсати равобити хориҷаи вазорати вазъи изтирории Қирғизистон гуфт, ҳаҷми умумии кӯмакҳои башардӯстона бештар аз чаҳор миллион сом, муодили сад ҳазор доллари амрикоиро ташкил мекунад.
Камчибек Ташиев, вазири вазъи изтирории Қирғизистон гуфтааст, ки зимни заминларзаи шадид дар деҳаи Нураи вилояти Ӯши ин кишвар ҳукумати Тоҷикистон яке аз аввалин кишварҳо буда, ки барои кӯмак ба осебдидагони ин зилзила вокуниш нишон додааст. Ба гуфтаи генерал Ташиев ҷониби Тоҷикистон ба таври фаврӣ ба минтақаи заминларза маводи хӯрока ва сохтмонӣ интиқол дода буд.
Фоҷеаи як оила аз сел
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад