Афсари калони ситоди ҳолатҳои фавқуллода Шоира Хусравова баён дошт, дар шаҳри Хоруғ аз боришот як манзили истиқоматӣ пурра зарра дида, шамоли сахт дар ноҳияи Мурғоб болопуши шуъбаи ҷарроҳии бемористон ва муассисоти томактабӣ ва манзилҳои истиқоматиро барандохтааст. Шамоли сахт ва раъду барқ ҳамчунин дар маркази вилоят дастгоҳҳои танзимкунандаи барқиро аз кор бароварда, ба муддати чанд соат сокинон аз неруи барқ маҳрум мондаанд. Ҳамчунин, бар асари тахрибшавии симчубҳои барқӣ аз зарби сангчарх интиқоли барқ ба навоҳии вилоят муваққатан қатъ гардидааст.
Дар ду маҳалли масири Хоруғ-Ишкошим ва дар маҳали Чохкандези ноҳияи Шуғнон сел роҳро барои ҳаракати нақлиёт банд намуда, аммо роҳсозон монеаъро бартараф карданд.
Ба иттилоъи ситоди ҳолатҳои изтирорӣ, дар маҷмӯъ 30 адад мактаб ва боғчаи бачагона, хатҳои обёрӣ ба масофаи зиёда аз 25 километр, 17 бунгоҳи тиббӣ, 6 хонаи фарҳанг, зиёда аз 100 километр роҳҳои нақлиётӣ, наздик ба 100 гектар боғот ва киштзорҳо зарар дида, бар асари сардшавии ҳаво, бештар аз ҳама дар мавзеъи Сағирдашти ноҳияи Дарвоз ва Мурғоб зиёда аз 250 сар чорво нобуд шудааст.
Маблағи умумии зарар зиёда аз 2,5 миллион сомониро ташкил додааст, иттилоъ медиҳад ситоди ҳолатҳои изтирории Бадахшон.