Сокинони Сағирдашт мегӯянд, нерӯҳои вазорати дифоъ ва умури дохилаи кишвар, ки ба дунболи бурузи овозаҳо оид ба пайдо шудани афроди ношинохт ва шубҳаангез дар минтақа вориди Сағирдашт шуданд, ахиран ба Тавилдара ва маҳалҳои гирду атрофи он интиқол ёфтанд.
Назрулло Назокатов, як ҷавон аз маркази деҳоти Сағирдашт гуфт, ки мавҷи овозаҳо ва нигаронӣ аз зуҳури афроди бегона дар деҳаҳои Қалъаи Ҳусайн, Пастироғ ва деҳоти ба Тавилдара наздик баланд гардид. Дар ҳамин ҳол ба дунболи шиддат гирифтани овозаҳо сардори ситоди вазорати мудофиа Наил Надиров дар ҷараёни мулоқот бо намояндагони сохторҳо дар ноҳияи Дарвоз изҳор доштааст, ки мақомоти Тавилдара мавҷудияти афроди бегонаи мусаллаҳро дар қаламраваш рад мекунанд ва аз ҳозирин даъват ба амал овардаанд, ки дар мавриди ҳифзи суббот дар минтақа ҳушёрии сиёсӣ зоҳир намонд.
Гумон меравад, ки пас аз ин мулоқот инкор намудани мавҷудияти афроди бегона дар қаламрави хеш байни мақомоти ноҳияҳои Тавилара ва Дарвоз ҳатто ба як навъ сабқат табдил шудааст. Раиси ноҳия Саидалӣ Мусофиров тайи се рӯз дар деҳоти Сағирдашт ба манзури натиҷагирӣ аз фаъолияти мақомот бо мардум мулоқот доир намуда, шахсан аз хонаводаи Неъмат Саъдуллоев, собиқ узви мухолифин ва корманди ситоди ҳолатҳои изтирорӣ, ки бино ба овозаҳо, афроди бегонаро дар хонааш дидаанд, рафтааст.
Ба гуфтаи омӯзгори собиқадори мактаби маркази деҳоти Сағирдашт Саидумар Алиев, ҳамчунин теъдоди бештар аз 120 нафар зану марди деҳоти Сағирдашт довталабона ба дари манзили ин собиқ узви мухолифин, ки дастпарвари мактаб-интернати маркази деҳот мебошад, ҳозир шуда, тақозо кардаанд, вазъро муташанниҷ накунад ва кафолаташро гирифтаанд, ки вай дигар афроди бегонаро намепазирад.
Саидумар Алиев таъйид намуд, ки мардум афроди бегонаеро, ки ба манзили Саъдуллоев меҳмон шудаанд, дар наздикии маҳалли Пастироғ дидаанд, аммо пасон онҳо ин ҷоро тарк намуда, дигар касе онҳро надидааст.
Аммо ба гуфтаи як манбаъ аз деҳаи Қалъаи Ҳусайн, чанд тан аз афроди бегонаи ғайримусаллаҳ, ки сокинон онҳоро дар манзили Неъмат Саъдуллоев дидаанд, собиқ аъзои мухолифин аз манотиқи дигари кишвар буда, таҷаммуи ин чанд нафар боиси нигаронӣ ва барангехтани ҳар гуна овозаҳо дар байни мардум шудааст.
Ба фикри журналисти маҳаллӣ Нурмуҳаммад Буров, маҳалли Сағирдашт дар гузашта ягона минтақаи даргири байни собиқ мухолифин ва нерӯҳои ҳукуматӣ дар Бадахшон буда, тарсу ҳарос аз дили сокинони он то ба ҳол аз байн нарафтааст ва таҷаммуи чанд нафар собиқ узви мухолифин ба мақсадҳои осоишта ҳам бошад, боиси эҷоди нигаронӣ ва нороҳатӣ дар байни мардум шудааст.
Ба фикри коршиносони маҳаллӣ бидуни зикри номашон, ҳаводиси Тавилдара ва манотиқи гирду атрофи он дар заминаи омилҳои дохилӣ зуҳур карда, манъи ҷараёнҳои ифротии динӣ, маҳдудиятҳо дар қонуни нав оид ба дин, бӯҳрони молиявӣ ва иқтисодӣ ва идомаи фишорҳо болои намояндагони собиқ мухолифин ба ин мушилот афзудаанд.
Дар робита бо эҳтимолияти зуҳури нерӯҳои мухолифин вирди забони мардуми маҳаллӣ аз аъзои Ҳаракати Исломии Узбакистон ва ё дастаи ҷанговарони Мулло Абдулло дида, вожаи «салафӣ» бештар ба гуш мерасад. Ба ин овозаҳо боздошти ду хонаводаи аштӣ аз ҷониби маъмурини амниятии Афғонистон дар он сӯи марз, ки гуфта мешавад ба далели салафӣ буданашон маҷбур ба фирор шудаанд, мусоидат кардаанд.
Дар ҳамин ҳол раёсати додситонии ҳарби нисбати се афсари қисми марзбонӣ дар ноҳияи Дарвоз парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Афсарон ба мусоидат кардан ба аъзои хонаводаҳои тоҷикистонӣ дар убури марзи байни Тоҷикистону Афғонистон дар наздикии маҳалли Шӯробод муттаҳам шудаанд. Алҳол назорати марзи пурзур шуда, аммо авзоъ дар марз ором ва таҷаммуи нерӯҳои ҳукуматӣ ҳатто дар манотиқи наздик ба Тавилдара бештар ба чашм мерасад.
Дар ин рӯзҳо ҳамчунин болиғ бар 40 миллион сомонӣ бинобар бад будани боду ҳаво ва адами парвози тайёра тавассути роҳи нақлиётии Кулоб-Дарвоз ба маркази вилоят расонда шуда, коршиносон ҳаракати муназзами нақлиёти мусофирбарро дар ин масир нишонаи эътидоли вазъ дар марз арзёбӣ мекунанд. Ин дар ҳолест, ки ағбаи Сағирдашт барои ҳаракати нақлиёти ҳануз баста буда, гурӯҳҳои махсуси марбути умури дохила ағбаи Хобуруботро зери назорат гирифтаанд.
Ба гуфтаи як сокини деҳаи Ёгеди ноҳияи Дарвоз марзшиканӣ бо мусоидати афсарон ба хотири фоидаи тиҷорати чизи маъмулӣ будааст. Вай гуфт, баъзан дар як хона чубу тахта ва масолеҳи сохтмонии зиёдро мебини, ки рӯзи дигараш аллакай нест ва ба он сӯи марз фурухта шудааст.
Коршиносон убури қайрқонунии марзро дар минтақаи Дарвоз чун дар ҳар як маҳалли марзии дигари Бадахшон аз ҷониби афроди алоҳида таъйид намуда, аммо имконияти убури дастаҳои муссаллаҳро ба хотири таҷаммуашон дар манотиқи мавриди назар номумкин мешуморанд.
Аз мушоҳидаҳо ва сӯҳбат бо мардум дар маҳал чунин эҳсос мешавад, ки ҳатто агар кӯшиши таҷаммуи гурӯҳҳои мухолифин дар минтақа ҷой дошта бошад ҳам мақомот ва сокинон барои ҷилавгирӣ аз он пешдастӣ намуда, ташаббусро ба даст гирифтаанд. Аз сӯи дигар аз ҷангҳои дохилии гузашта то ба имрӯз вазъият хеле тағйир кардааст. Зеро агар он вақт нерӯҳои мухолифин аз пуштибонии маънавии иддае аз мардум бархурдор буданд, ки дар симои артиши миллӣ ашхоси ғоратгар ва ба мақсади қасос гирифтан ба минтақа воридшударо медиданд, пас аз истиқрори сулҳ мардуми ба гуфтаашон аз ҳар ду тарафи даргир ҷабрдида дигар намехоҳанд, ки касе ҳаёти осоиштаро халалдор созад.
Ба фикри коршиносон, ҳамчунин агарчи бархе аз аъзои собиқ мухолифин ба сарнавишти талх рӯбарӯ шудаанд ва бархе аз ақшори ҷомеа побанди мушкилоти иҷтимоӣ ва норозӣ аз ҳаёти имрӯзаашон ҳастанд, аммо муқовимати мусаллаҳонаро роҳи ҳалли мушкилот намешуморанд.
Аммо оё кӯҳу пуштаҳои манотиқи Сағирдашт ва Тавилдара чӣ асрореро дар худ ниҳон доранд. Суолест, ки айни ҳол сокинони минтақаро низ нигарон сохтааст.
Дар ҳамин ҳол бо ибтикори мақомоти ноҳияи Дарвоз 23-юми май дар маркази ҷамоати деҳоти Сағирдашт Рӯзи ҷавонон таҷлил шуда, мақомот тасмим гирифтаанд, аз ин ба баъд Рӯзи Ваҳдат ва дигар идҳои пешомадаро дар Сағирдашт баргузор кунанд. Ҳадафи баргузории идҳо дар Сағирдашт мусоидат намудан ба коҳиши овозаҳо марбут ба вазъ дар минтақа арзёбӣ мешавад.