Имрӯз дар дӯконҳои саррофии пойтахт як доллари амрикоӣ 4 сомону 65 дирам арзиш дошта бошад ҳам дар бахши аъзами дӯконҳои саррофӣ ва бонкҳо аз фурӯши доллар худдорӣ мекунанд.
Дар ҳоле, ки Бонки миллӣ қиммати як доллари амрикоиро 4 сомону 31 дирам таъин кардааст, Тоҷиксодиротбонк як доллари амрикоиро бо 4 сомону 40 дирам мефурӯшад. Бонки миллии Тоҷикистон гуфтааст, ки қурби сомонӣ нисбат ба доллар дар соли ҷорӣ 23,2 дарсад поён рафтааст. Сухангӯи Бонки миллӣ аз тавзеҳи поёнравии қурби сомонӣ нисбат ба доллар дар тайи чанд рӯзи ахир худдорӣ кард ва гуфт, ки далели ин поёнравиро ахиран Шариф Раҳимзода, раиси Бонки миллӣ, ба хабарнигорон тавзеҳ дода буд.
Ахиран замоне, ки қиммати як доллар аз 4 сомонӣ бештар шуд, раиси Бонки миллӣ далели уфти қурби сомониро чунин шарҳ дода буд, ки «қурби сомонӣ бояд баробар ва ё ҳамсанги қурби пули миллии шарикони тиҷоратии мо Русия ва Қазоқистон бошад. То тоҷирони мо дар муомилот зиён набинанд ва мо бозори худ дар ҷумҳуриҳои наздику дурро аз даст надиҳем, бахусус кишварҳое, ки маҳсулот ва ё колоҳои моро мехаранд. Мо медонем, ки қурби пули миллии Русия ва Қазоқистон аз 25 то 50 дарсад уфт кард. Ва сомонии мо низ бояд ба ҳамин нуқтаи уфт бирасад».
Аммо бархе аз коршиносон ба ин иддаои раиси Бонки миллӣ, ки гӯиё поёнравии қурби сомонӣ нисбат ба доллар ва ба уфти қурби пули миллии кишварҳои шарики тиҷоратии Тоҷикистон ҳамсанг шудани сомонӣ ба нафъи тоҷриони Тоҷикистон аст, розӣ нестанд. Масъуд Собиров, раиси бахши иқтисодии Донишгоҳи иқтисодии Тоҷикистон, ин иддаоро ҷуз як баҳонаи сарпуш кардани нотавонии давлат чизи дигаре намедонад.
Оқои Собиров гуфт, «Бонки миллӣ захираи кофии арзу тило дар ихтиёр надорад ва тавони дифоъ аз уфти сомониро надорад. Ва ин иддаоҳо ҷуз сарпуш кардани нотавонӣ чизи дигаре нест». Оқои Собиров гуфт, давлатро зарур аст, ба умеди пули муҳоҷирони корӣ нашавад. Манбаъҳои молии давлатро хуб камтар карда, ба масрафҳои беҳуда роҳ надишад. Дар он сурат мо метавонем аз таваррум ҷилавгирӣ кунем.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфти кумитаи давлатии омори Тоҷикистон, содирот дар чор моҳи соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ нисбат ба воридот 3,2 баробар кам шудааст. Ин маънои онро дорад, ки даромади арзи хориҷӣ ба ҷумҳурӣ аз колоҳои бафурӯшрафта нисбат ба чор моҳи соли гузашта 3,2 баробар кам шудааст.
Аз сӯи дигар уфти қурби сомонӣ дар муқобили доллар ба қиммати колоҳо дар бозорҳои дохилӣ низ таъсир кардааст. Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон наздик ба 75 дарсади анвои маводи ғизоӣ, азҷумла гӯшт, равғани растанӣ, шир, қаймоқ, биринҷ ва ғайраҳоро аз хориҷа ворид мекунад. Барои мисол, биринҷ ба қиммати 2-3 моҳи пештара баргаштааст ва 1 кило биринҷи Чин, ки 5 сомонӣ арзиш дошт, ҳоло ба 7 сомонӣ расидааст. Як кило гӯшт 16 сомон таъин шуда буд, ки ҳоло 17-18 сомонӣ шудааст. Тоҷирони бозорҳои дохилӣ бо дарназар гирифтани уфти ояндаи қурби сомонӣ колоҳои худро мутаносиб ба 5 сомонӣ барои 1 доллар ба фурӯш мегузоранд. Ва ин дар ҳолест, ки Бонки миллӣ уфти наздик ба 24 дарсади сомонӣ нисбат ба долларро як амри воқеӣ хонда аст.