Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаҳиши навбатии нархи доллар


Қурби доллар дар дӯконҳои саррофии Душанбе дар баробари сомонӣ якбора боз 15 нуқта боло рафт.

Нархи хариди 1 доллари амрикоӣ аз 3 сомонию 70 дирам то ба 3 сомонию 85 дирам баробар шуд. Ҳарчанд нархи доллар дар баробари сомонӣ боло рафтааст, аксари масъулони дӯконҳои сарофии Душанбе мегӯянд, ки барои фурӯш доллари нақд надоранд.

Комил, масъули як дӯкони саррофӣ дар Душанбе, мегӯяд, ахиран тақозо ба доллар афзоиш ёфта, ивази он ба сомонӣ аз сӯи муштариён кам сурат мегирад. Ӯ меафзояд, ин боис ба камёфт шудани доллар гардида, алъон дӯконҳои саррофӣ доллар надоранд.

Масъулони Бонки миллии Тоҷикистон иллати поиншавии қурби сомонӣ дар баробари арзҳои хориҷиро ба бӯҳрони молиявӣ рабт медиҳанд. Шариф Раҳимзода, раиси Бонки миллӣ, зимни нишасти хабарӣ гуфт, ин бонк барои то як сатҳи муайян беқурбшавии пули милӣ иқдом кардааст, зеро то ин сатҳ поин рафтани қурби сомонӣ дар баробари доллари амрикоӣ ба манфиати кишвар будааст. Ба гуфтаи оқои Раҳимзода, аксари кишварҳои олам, мисли Бритониё ва ҳатто худи Амрико ба коҳиши қурби пулҳои миллии худ иқдом кардаанд.

Зеро сарфи назар аз поин шудани мизони мафоди қарз дар бонкҳои амрикоӣ эътимоди сармоягузорони байналмилалӣ ба доллар афзоиш ёфта, қурби доллар дар муқобили пулҳои кишварҳои дигар дар ҳоли афзоиш аст. Оқои Раҳимзода афзуд, бо ҳамин ҳадаф Бонки миллӣ то андозае ба поин рафтани қурби сомонӣ дар бозори асъор мусоидат карда, мехоҳад онро дар як сатҳи муайян нигоҳ дорад.

Масъулони Бонки миллии Тоҷикистон аз ироаи маълумот дар хусуси девалватсия, яъне поин кардани қурби сомонӣ, худдорӣ карданд. Ба гуфтаи онҳо, ин бонк ахиран барои ҷилавгирӣ аз беқурбшавии сареъи сомонӣ аз амалиёте, мисли фурӯши арзи хориҷӣ ва коҳиши ҳаҷми сомонӣ дар бозори арз, кор гирифтаанд. Онҳо мегӯянд, бо ин мақсад ахиран ин бонк 100 миллион сомониро аз муомилот бароварда, ахиран беш аз 2 миллион долларро бо қурби 360 сомонӣ барои 100 доллар ба фурӯш гузоштааст.

Ҳоҷимуҳамад Умаров, коршиноси масоили иқтисодӣ, мегӯяд, болоравии қиммати доллар дар Тоҷикистон дар оянда низ идома мекунад. Зеро, дар чанд моҳи ахир камбуди доллар дар Тоҷикистон бо иллати 50 дарсад коҳиш ёфтани қиммати алюминиюм ва пахта - ду ашёи аслии содиротии Тоҷикистон ва коҳиши интиқоли маблағҳои муҳоҷирон эҳсос мешавад. Ва аз сӯи дигар бино ба иттилоъи расмии Бонки миллӣ, захоири арзу тиллоии Тоҷикистон низ барои устувории қурби сомонӣ кифоят намекунад. Оқои Умаров меафзояд, коҳиши қурби сомонӣ ба зарари мардуми камбизоати кишвар хоҳад, буд, зеро он ба афзоиши нархҳо боис мешавад.

Коршиносон мегӯянд, агар баҳори соли оянда, муҳоҷирони кории тоҷик ба Русия нараванд, ва ҳаҷми воридоти асъори хориҷӣ ба бозори арзи кишвар афзоиш наёбад, қурби сомонӣ аз ҳозира ҳам ноустувотар хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG