Интихоботи парлумонии якмоҳаи Ҳинд анҷом шуд ва ба назар мерасад, ки эътилофи ҳокими таҳти раҳбарии Манмуҳан Сингҳ сари қудрат хоҳад монд. Сомонаи интернетии Комиссиюни интихоботӣ мегӯяд, ки эътилофи ба раҳбарии Ҳизби Конгресси Ҳинд 80 дар сади курсиҳои парлумонро ба даст оварда бар эътилофи мухолифини умдае ба раҳбарии ҳизби миллатгарои Бҳаратия Ҷаната пирӯз шудааст. Вале, тибқи пешгӯиҳо, Ҳизби Конгресс натавонист аксари кулли раъйҳоро ба даст оварад. То таърихи 2 июн ҷониби пирӯз бояд ҳайати нави ҳукумати Ҳиндро ташкил кунад.