СММ 15 майро Рӯзи байналмилалии оила эълон кардааст. Имсол Рӯзи оила ба мавзӯъи "Модарон ва хонаводаҳо:Чолишҳои дунёи тағйирёбанда" ихтисос ёфтааст.
Самирон Солеҳова, сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, роҳи шавҳарашро, ки 7 сол дар муҳоҷират буд, интизорӣ кашид ва самари ин интизориҳои тулонӣ ин буд, ки шавҳараш баъди бозгашт ба ӯ талоқ дод ва аксари молу мулкро худ гирифт. Ба Самирон танҳо хатти талоқ, чаҳор фарзанди хурдсол ва як манзили дуҳуҷрагии холӣ аз тамоми ашёи рӯзгор дар канораи шаҳр насиб гашт. Самирон мегӯяд, ӯ дар тӯли 16 соли танҳоӣ ҳатто як рӯз ҳам барои худ зиндагӣ накардааст, шабу рӯз ҳам барояш фарқияташонро гум кардаанд.
Самирон ҳам дар яке аз сартарошхонаҳои шаҳр фарошӣ ва шабона хайётӣ мекунад. Самирон мегӯяд агарчӣ ҳоло 45 сол дорад, вале чашмонаш алакай хира шудааст: “Ба духтаронам ҳунар ёд додаам. Шабҳо бо ҳам мешинем дузандагӣ мекунем ва аз ин ҳисоб рул пасандоз карда тую маросимҳо ҳам мегузаронам. Афсус,ки чашмонам хиратар шудаанд,аммо фарзандон кумакам мекунанд. Ба танҳоӣи ҳам бошад,шукри худо,ки тавонистам фарзандони хубе тарбият кунам.”
Самирон Солеҳова афзуд, ӯ ба тақдир тан додааст, ки шавҳар надорад, аммо ҳайрон мешавад, ки оилаҳои зиёдеро дар маҳалли зисташ мебинад, ки марди хона зиндаву саломат аст, аммо занҳояшон дар пайи пайдо кардани рӯзии хонавода ҳастанд.
Мусоҳиби дигари Радиои Озодӣ худро Зарафшон муаррифӣ кард ва гуфт, Худоро шукр, шавҳар дорад, шавҳари донишманду омӯзгор, ки нақши сарпарасти хонаводаро ба ӯ додааст. Зарафшон масъулияти таъмини оила ва тарбияи фарзандонро бар дӯш гирифтааст ва нақшу вуҷуди шавҳарашро дар оила танҳо дар рӯзҳои истироҳат, он ҳам рӯзнома ё китобе дар даст сари дастурхон ё ҳангоми пазироии меҳмонон эҳсос мекунад.
Талошу кӯшишҳо барои ризқу рӯзии бештару беҳтар ба даст овардан, маслиҳату пешниҳод ҳатто барои идомаи таҳсили фарзандон ва ё ёфтани ҷойи кори муносиб барои онҳо,хариди бозору мағоза, пасандози пул ва гузаронидани тӯю маросим, меҳмониву дигар корҳо ҳама яксар ба души худи ӯст: “Шукри худо, ки шавҳар дорам ва ҳаминаш барои ман муҳим аст, ки болои сари фарзандонам падарашон ҳаст. Лекин тамоми корро худам анҷом медиҳам. Баъзан аз ҳама ин даводавҳо хаста мешавам ва мегӯям, охир ту чӣ хел мардӣ, ки ҳама душвориҳои зиндагиро ба гардани ман бор кардаӣ? Мегӯяд, хоҳӣ бикун,нахоҳӣ накун, худатро бисёр ғам надеҳ. Аммо ман интавр наметавонам. Мехоҳам фарзандонам аз ҳеҷ ҷиҳат кам надошта бошанд.”
Ҷомеъашиносон мегӯянд, сабабҳои аслии тайи беш аз як даҳсолаи ахир иваз шудани нақши зану мард дар оилаи суннатии Тоҷикистон ва пешсаф шудани зан дар таъмини хонавода ва тарбияи фарзандон зиёд ва мухталиф аст. Яке гирудорҳои сиёсии аввали солҳои 90 аст, ки барои мардон пешсаф будан хатарзо буд, ва дигар, заминаи равонӣ, яъне оҳиставу ногумон ин тағйирот ва ё ҷойивазкунии нақшҳо ба меъёри ахлоқи мардум табдил ёфт.
Марям Давлатова коршиноси мустақил,сардабири яке аз маҷаллаҳо барои занон дар робита ба ин мавзуъ чунин ибрози назар кард: “Тағйироту таҳаввулоти ахири ҷаҳон ба оилаҳои тоҷик бетаъсир намонд. Ва зимоми хонаводаро, қабули қарорро ба дасти занон дод. Ин паҳлуҳои хуб ҳам дорад, албатта, масалан зан фаъолтар ва пешсаф шуданро меомӯзад, аммо аз ҷониби дигар, дар шароити кунунии ҷомеаи Тоҷикистон, ки саҳл нест пайдо кардани ризқу рӯзӣ, албатта, ин бори сангини масъулият барои шонаҳои зан сангин аст.”
Аммо аз ин тамойюл дар ҷомеаи Тоҷикистон чӣ интизороте метавон дошт? Магар мешавад гуфт, ки боз ҳам замоне мерасад, ки нақшҳо ба соҳибонашон бар мегарданд, ва мардҳо бори таъмини оиларо аз дӯши зан мегиранду пешсафии занҳо дар самтҳои дигар ва хоси худи онҳо ҷараён мегирад? Марям Давлатова мегӯяд: “Ман фикр мекунам, ки дар шароити кунунӣ ба манфиати мардон аст, ки занҳо пештоз бошанд. Масалан, бигирем соҳаи маориф. Ҳоло дар аксар мактабҳои шаҳр занҳо директори мактабанд. Маълум аст,ки ин вазифа дар шаҳр он қадар нуфуз ва даромад надорад. Аммо дар мактабҳои деҳот, ки директори мактаб як шахси обрӯманд ҳисоб мешавад ва аз ҷиҳати молӣ даромад ҳам дорад, ин вазифаро мардҳо соҳибанд. Аз ин хотир, шояд боз ҳам замоне фаро расад,ки ин масъулиятҳо ба соҳибонашон баргарданд.
Тибқи таҳқиқоти созмонҳои ҷамъиятӣ, дар ҳоли ҳозир дар беш аз 40 дар сади хонаводаҳои тоҷик, занон таъмини оила ва тарбияи фарзандонро ба дӯши худ гирифтаанд.