Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таваҷҷӯҳи занони тоҷик ба варзиш


Дастаи мунтахаби занони Тоҷикистон
Дастаи мунтахаби занони Тоҷикистон

Маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш»-и Радиои Озодӣ тақдими шумо мегардад.

Маҷалла бо хабарҳои тозаи варзиши ҷаҳон оғоз мешавад.
Универсиадаи зимистонаи ҷаҳонӣ, ки бо ширкати беш аз 2 000 донишҷӯ аз 44 кишвари ҷаҳон дар шаҳри Ҳарбини Чин дар 12 риштаи варзиш тӯли 11 рӯз идома кард, дар ҳисоби умумидастаӣ бо пирӯзии тими мизбон ба анҷом расид. Варзишгарони Чин ҳамагӣ 48 медал, аз ҷумла 18 нишони тилло, 18-нуқра ва 12 биринҷӣ ба даст оварданд. Дастаи мунтахаби Русия бо касби 51 медал, аз ҷумла 18 тилло, 14 нуқра ва 19 биринҷӣ дар ҷои дуввум қарор гирифт. Дастаи мунтахаби Куриёи Ҷанубӣ бо касби 28 медал - 12 тилло, 7 нуқра ва 9 биринҷӣ - севум шуд.

Дар иртибот бо ҳамлаи даҳшатафканон болои дастаи мунтахаби крикети Шри-Ланка дар шаҳри Лоҳури Покистон полис се муттаҳамро боздошт намудааст. Аммо то ҳанӯз полис силоҳбадастони масъули куштори ҳафт крикетбоз ва шаш полиси ҳомии дастаи мунтахаби крикети Шри-Ланкаро дастгир накардааст.
Баъди ин ҳамла мунтахаби Шри-Ланка қуваозмоӣ бо дастаи мунтахаби Покистонро лағв намуд.
Шореҳон мегӯянд, ронандаи автобус бо суръати тез ҷои ҳамларо тарк кард, вагарна шумораи қурбониҳо бештар мебуд.
Тахмин мешавад, ки ҳамларо ҷангҷӯёни исломӣ роҳандозӣ кардаанд.
Навори ҳамла болои варзишгарони Шри-Ланкаро дар сомонаи интернетии радиои Озодӣ тамошо кунед.

Хабаргузориҳои олмонӣ иттилоъ медиҳанд, ки мураббӣ ва се футболбози мунтахаби наврасони аз 16-сола поёни Афғонистон дар Олмон бе ному нишон шудаанд.
Наврасону мураббӣ 22-юми феврал як рӯз пеш аз анҷоми давраи тамринӣ аз мактаби варзишии Рюйти канори шаҳри Штутгарт ғайб заданд.

Бо даъвати Кумитаи олимпӣ ва Иттиҳодияи Футболи Олмон 18 футболбоз ва ду мураббии афғон ҳамроҳ бо раҳбарони Иттиҳодияи футболи Афғонистон 8-уми феврал ба Олмон сафар карданд, то барои сабқати минтақавӣ дар Эрон омодагӣ гиранд.
Аз эҳтимол дур нест, ки фирориён дар кадом яке аз кишварҳои Аврупо ҳаққи паноҳандагӣ талаб кунанд.
Ба гуфти мақомоти мактаби варзишии Рюйт варзишгарони ҷавони афғон чанд дафъа кӯшиши фирор карданд, вале полис ба онҳо имкон надод.

Мансабдорони афғон мегӯянд, фирори футболбозону мураббӣ дар саҳнаи байналмилалӣ эътибори варзишгарони афғонро поин хоҳад бурд. Акнун сафари дастаи духтарони футболбози афғон ба Олмон таҳти суол қарор гирифтааст. Ин бори аввал нест, ки варзишгарони афғон дар ҷараёни мусобиқаҳои байналмилалӣ бе ному нишон мешаванд. Соли 2004-ум нуҳ футболбози аз 20-сола поини мунтахаби Афғонистон дар Италия ғайб заданд. Онҳо мебоист дар ҳунарнамоии хайрия иштирок мекарданд. Ҳамин гуна соли гузашта як зани варзишгари афғон, ки барои бозиҳои олимпии Пекин дар Италия тамрин мекард, аз тамрингоҳ ғайб зада буд. Дар давоми сӣ соли ҷанг дар Афғонистон миллионҳо сокини Афғонистон аз ватанашон фирор кардаанд.

Идомаи ин барнома ба вазъи варзиш миёни бонувони тоҷик бахшида мешавад. Дар ин мавзӯъ сӯҳбате дорем бо камонвари машҳури тоҷик, собиқ қаҳамони ҷаҳон ва барандаи ҷоизаи олимпӣ Зебуннисо Рустамова, раиси Анҷумани бонувони варзишгари Тоҷикистон Дилором Каримова, қаҳрамони ҷаҳон ва Осиё дар риштаи таеквон-до ITF Шаҳло Муҳаммадраҳимова ва корманди масъули мактаби маҳорати олии варзишии вилояти Суғд Заррина Исҳоқова.

Барои шунидани барнома ишораи аудио дар тарафи рости болои саҳифаро пахш кунед.
XS
SM
MD
LG