Муҷозот барои саркашӣ аз таҳсил

Дар шаҳри Кўлоб волидайни панҷ нафар наврасро барои монеъ шудан ба таҳсили фарзанд ба додгоҳ кашидаанд.
Фурқат Раҳматуллоев, мудири дафтархонаи додгоҳи шаҳри Кўлоб, мегўяд, дар нисбати волидайни наврасон бо моддаи 164 Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо пешбинӣ шудааст, ки мувофиқи он ҳар як падару модар аз ҳазор то ду ҳазор сомонӣ ҷарима шуда, фарзанди худро дубора ба мактаб бармегардонад. Ҷаноби Раҳматуллоев мегўяд, дар се соли ахир барои аввалин бор аст, ки ба якборагӣ панҷ парванда вобаста ба монеъ шудани таҳсили фарзанд дар додгоҳ мавриди баррасӣ қарор мегирад:

«Аз ин маълум мегардад, ки нақзи ҳуқуқи наврасон аз тарафи волидайн ҳанўз ҳам кам нашудааст. Зимни баррасии парвандаҳо волидайни писарон баҳонаи камбизоатиро пеш меоварданд, аммо волидайни духтарон чунин андеша доранд, ки набояд духтарон таҳсил кунанд».

Дар ҳамин ҳол бархе волидайн аз боз шудани парвандаи ҷиноӣ ва муҷрим донистан барои монеъ шудан ба таҳсили фарзанд изҳори норизоӣ намуданд. Ба унвони мисол Савронбӣ, як модаре, ки садди роҳи мактабравии духтари синфи 7-умаш гардида ва ҳоли ҳозир ўро ба додгоҳ кашидаанд, мегўяд, «мо аз зўромад ўро аз мактаб гирифтем. Падараш дар Русия буд ва барои харидани сару либоси мактабӣ маблаѓ надоштем. Аз сўи дигар ҳамин духтар хондану навиштанро омўзад бас аст».

Аммо Зарторбӣ Табарова, устоди риштаи равоншиносии Донишгоҳи давлатии Кўлоб мегўяд, пеш овардани далели камбизоатӣ барои водидайн аслан баҳонае беш нест. Хонум Зарторбӣ мегўяд, ҳанўз урфу одатҳое миёни мардум вуҷуд дорад, ки бархе волидайн аз он наметавонанд, рў бигардонанд. Ба қавли вай агар волидайни писар барои ба кор ҷалб намудан, фарзандро аз мактаб бигирад, волидайни бархе духтарон хавфи он доранд, ки таҳсил дар мактаб метавонад сабаби пирдухтар ва бешавҳар мондани фарзандаш гардад:

«Фақат мақсади онҳо як чиз аст: ба шавҳар додани духтар. Фикр намекунанд. ки фардо духтарони онҳо чи гуна модар мешавад ва онҳо чи тавр фарзанд ба камол мерасонанд».

Ин ҳам дар ҳолест, ки Вазорати маорифи кишвар таҳсили ҳатмиро дар мактабҳои миёна аз 9 ба 11 сол иваз намуд. Аммо соли гузашта низ додгоҳи Кўлоб ду парванда дар нисбат ба волидайнро ба ҷурми манъи таҳсили фарзандон ба мактаб баррасӣ намуда буд.