Дар даҳ соли ахир озодии матбуот ба поинтарин нуқтаи худ расидааст. Аз ҳар шаш нафар сокинони сайора як нафар дар кишваре ба сар мебарад, ки дорои матботи озоду мустақил мебошад. Ин арқомро Хонаи Озодӣ ё Freedom House, ки бар озодии матбуот назорат мекунад, дар гузориши нави худ ба нашр расондааст. Тибқи ин гузориш, озодии матбуот дар кишварҳое аз қабили Мисру Туркия ва Украина дар давоми як соли ахир бадтар шудааст. Freedom House аз 10 кишвари дорои бадтарин вазъи озодии матбуот ном бурдааст. Беларусу Туркманистон, Узбакистону Эрон, Миянмару Куба, Либияву Кореяи Шимолӣ аз ҷумлаи онҳо ба шумор мераванд.