Попи фақиди Рум Иоанн Павели ду имрӯз ба феҳрасти шахсиятҳои муқаддаси калисои католикӣ шомил карда шуд. Дар расми эълони ин тасмим дар Ватикан аз саросари ҷаҳон беш аз 1 миллион зоир, бо шумули 90 ҳайъати расмӣ, аъзои 5 хонаводаи подшоҳии Аврупо ва 16 раҳбари кишвар, ҷамъ шуда буд.
Иоанн Павели ду, нахустин попи ғайриитолиёии калисои католикӣ дар 400 соли охир ва нахустин попи Рум аз Аврупои шарқӣ, соли 1979 ба ин баландтарин мақоми рӯҳонии калисои католикӣ расид ва то дами маргаш дар соли 2005, бар бузургтарин равияи дини масеҳӣ раҳбарӣ кард. Ӯ бо дидгоҳи оштинопазираш нисбат ба низомҳои худкома, аз ҷумла коммунизм, ва майлаш ба гуфтугӯи байни адён маъруф буд.