Вакилони парлумони Ироқ бо аксари оро тасмими пардохти 400 миллион доллар ҷуброн ба амрикоиҳоеро, ки мегӯянд, дар ҷараёни ҷанги Халиҷ дар авоили даҳаи 90 аз сӯи режими Саддом Ҳусейн азият шудаанд, тасвиб кард. Аммо вакилони содиқ ба рӯҳонии зиддиамрикоӣ Муқтадо Садр ҳангоми райъдиҳӣ аз парлумон хориҷ рафтаанд.
Сарвазири Ироқ Нурӣ Моликӣ баъди солиёни набардҳои ҳуқуқии он атбоъи Амрико ва ахзи тавофуқ миёни Бағдоду Вошингтон дар моҳи сентябр ба қарори пардохти ин маблағ имзо гузошт.
Амрикоиҳои даъвогар мегӯянд, режими Саддом Ҳусейн баъди ишғоли Кувайт онҳоро шиканҷа медод ва ҳатто дар муқобили ҳамлаҳои эътилоф ҳамчун сипари зинда истифода мебурд.