Мухолифини Сурия мардумро ба "ҷумъаи ғазаб" даъват карданд

Фаъолони мухолифини Сурия имрӯзро "ҷумъаи ғазаб" эълон карда аз мардум хостанд, ки аз сокинони дар муҳосираи нерӯҳои ҳукумат мондаи шаҳри Даръо пуштибонӣ кунанд. Ин гуна даъват аз сӯи ҳаракати "Ихвон-ул-муслимин" ҳам садо дод.

Қарор аст, ки имрӯз раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо мавзӯъи таҳримҳои эҳтимолӣ алайҳи Димишқ - мутаваққиф сохтани кӯмакҳои молиявии ройгон, мунҷамид сохтани ҳисобҳои бонкӣ ва манъи вуруди мақомоти Сурия ба қаламрави Иттиҳодияи Аврупоро баррасӣ кунанд.

Авзоъ дар Сурия имрӯз дар сархати рӯзномаи нишасти Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи башар ҳам қарор дорад, ки дар Женева баргузор мешавад.