Бар асари таркиш дар шаҳри Марокаш, бар пояи ахбори ахир, 15 нафар, аз ҷумла, шаш шаҳрванди Фаронса ба ҳалокат расиданд.
Дар ин ҳодиса 20 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Аз ин пеш вазорати умури хориҷии Русия эълом дошт, ки дар инфиҷор ду шаҳрванди ин кишвар маҷрӯҳ шудаанд.
Таркиш дар қаҳвахонаи «Аргона», ки миёни сайёҳони хориҷӣ маъруф аст, рӯх додааст.
Мақомоти Марокаш ин ҳодисаро ҳамлаи террористӣ унвон кардаанд - ҳадс зада мешавад, ки як маргталаб худро мунфаҷир кардааст. Ва аммо масъулияти таркишро гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст.
Фаронса ҳалокати шаҳрвандонаш дар инфиҷорро таъйид ва ин ҳодисаро шадидан маҳкум кард.