Дар Panasonic 17 ҳазор ҷои корӣ ихтисор мешавад


Ширкати бузургтарини ҷопонии Panasonic, ки дар тавлиди васоили рӯзғор ихтисос ёфтааст, мегӯяд, дар давоми ду соли наздик дар ҷаҳон 17 ҳазор ҷои корро коҳиш хоҳад дод.

Ин тасмим бо паёмадҳои харобкоронаи тсунамии моҳи март вобаста аст, ки боис ба хисороти шадиди ширкат шудааст. Ин дар ҳолест, ки соли гузашта ин ширкат ҳудудан 18 ҳазор ҷои корро ихтисор кардааст. Ба ин тартиб, дар давоми се сол ҳаҷми куллии ҷойҳои кории ихтисоршуда ба 35 ҳазор баробар мешавад.

Президенти Panasonic (Фумио Оҳтсубо) гуфт, ки ба хотири ташвиқи кори ин ширкат баъзе аз воҳидҳои корхона ба фурӯш хоҳад рафт. Ин яке аз бузургтарин ихтисорҳо дар таърихи саноати Ҷопон ба шумор меравад. Намояндагии Panasonic дар шаҳри Осака гуфт, ки дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ним миллиард доллар хисорот дидааст.