Интиқоли нерӯву зиреҳпӯшҳои иловагӣ ба Даръо

Мақомоти Сурия ба шаҳри ҷанубии Даръо, ки ба макони аслии намоишҳои зиддиҳукуматӣ табдил шудааст, нерӯҳову зиреҳпӯшҳои иловагӣ интиқол медиҳанд.

Ба иттилоъи хабаргузориҳо, дар Даръо садои таркишу тирандозӣ ба гӯш мерасад.

Дар сартосари Сурия боздошти мухолифини ҳукумати Башор Асад идома дорад.

Дар ҳамин ҳол вазоратҳои умури хориҷии Фаронса, Бритониё, Олмон, Италия ва Испания ба нишони эътироз алайҳи аъмоли мақомоти Димишқ сафирони худро аз Сурия бозхонданд.

Қарор аст, ки рӯзи ҷумъа Иттиҳодияи Аврупо имкони ҷорӣ кардани таҳримҳот алайҳи Димишқро баррасӣ кунад.

Ба иттилоъи ҳомиёни ҳуқуқи башари Сурия, бар асари саркӯбсозии намоишҳои эътирозӣ дар шаш ҳафтаи ахир беш аз 450 нафар ба ҳалокат расидаанд.