Шаҳрдории Кӯлоб: "Замин одилона тақсим шудааст"

Мақомоти шаҳри Кӯлоб мегӯянд, ҳуҷҷатгузорӣ ва тақсими замин ба селзадагон дар чаҳорчӯби қонун сурат гирифтааст.
Назиршоҳ Раҳимов, мудири шӯъбаи манзили шаҳрдории Кӯлоб ба РО гуфт, ки натиҷаи санҷиши Комиссиюни вижаи тақсими хонаҳо барои сокинони аз офати табиӣ зарардида собит кард, ки бархеҳо ғайриқонунӣ соҳиби хона шудаанд, «дар ҳақиқат чунин одамон ҳастанд. Комиссияи махсуси корӣ 30 нафарро ошкор кард, ки ғайриқонунӣ соҳиб хона шудаанд. Мо аъзои комиссия рафта онҳоро берун кардем. Ҳозир ҳафт ҳуҷҷати дигар дар суд аст, ки бояд амали онҳо баррасӣ шаванд, чунки хонаҳоро ғайриқонунӣ гирифтаанд. Аммо он касоне, ки ҷамъ шуданд, ман онҳоро намешиносам. Бояд аниқ кунем, ки киҳо ҳастанд. Ман аз ҳаво гап зада наметавонам. Аммо он касоне, ки хонаҳоро қонунӣ гирифтаанд, ҳуҷатгузориро дар сатҳи баланд гузоштаем».



Афзун бар ин ҷаноби Раҳимов гуфт, ки шаҳрдории Кӯлоб ба тозагӣ барои 280 оилаи зарардида аз обхезии як соли пеш қитъаи замин ҷудо карда ва дар рӯзҳои наздик боз 150 хонаводаи дигар соҳиби замин барои сохтмони манзил хоҳанд шуд.

Мудири шӯъбаи манзили шаҳри Кӯлоб гуфт, ки шаҳрдорӣ ба тақсими одилонаи замин, пеш аз ҳама ба сокинони осебдида аз обхезии соли гузашта таваҷҷӯҳи ҷиддӣ медиҳад ва ҳар рӯз ҳудуди 150 нафар аз шаҳрвандонро дар ин масъала қабул карда ва мушкилашонро бароварда месозад.

Ин вокуниши шаҳрдории Кӯлоб дар ҳолест, ки субҳи рӯзи 27-уми апрел иддае аз занони шаҳри Кӯлоб дар назди Қасри раёсати ҷумҳури Тоҷикистон таҷаммӯъ карда хостори мусоидати Эмомалӣ Раҳмон ба мушкилоташон шуда буданд.

САД АЛАМИ СЕЛЗАДАГОНИ КӮЛОБ

Ин занон гуфтаанд, ки хонаҳои истиқоматии онҳо дар баҳори соли 2010-ум дар натиҷаи сел хароб шуда буд ва ба онҳо бо имзои Муродалӣ Алимардонов, муовини сарвазири кишвар қитъаи замин ҷудо шуд ва ниҳодҳои давлатӣ хона сохтанд.

Аммо ба гуфтаи ин занон, баъди як муддати зиндагӣ дар хонаҳои нав, ҳукумати шаҳри Кӯлоб иддае аз онҳоро аз хона берун карда ва иддаи дигарро ҳӯшдор додааст, ки хонаҳоро холӣ кунанд.

Фаришта, як сокини Кӯлоб мегӯяд, дар рӯзи ҷашни истиқлолият дар моҳи сентябри соли 2010, калиди манзили истиқоматиро ба дасташ доданд,
аммо баъди 6 моҳи зиндагӣ, хонаро аз ӯ гирифтаанд. Ба гуфтаи хонум Фаришта, вай маҷбур шудааст, ки ҳамакнун бо фарзандонаш дар манзили қаблии дар ҳолати садамавӣ қарор дошта шабро рӯз кунад: «Хонаҳое, ки моро доданд 6 моҳ зиндагӣ кардем, моро ба зӯр бароварданд, хонаро ба дигар нафар фурӯхтанд.»

Майрамбӣ Олимова, модари шаш фарзанд мегӯяд, ки мебоист бо назардошти он, ки манзили истиқоматиаш зарар дида буд, соҳиби қитъаи замин мешуд, аммо то ба ҳол шаҳрдорӣ ин корро кашол медиҳад. Он гуна, ки хонум Олимова мегӯяд, ҳоло вай дар хайма зиндагӣ дорад: «Маро хонама сел зад, гуфтанд. ки манзили истиқоматӣ медиҳем, аммо то ба ҳол надоданд. Дар руйхат ворид мекунанд, аммо нафарони дигарро медиҳанд. Мо дар ҳамон хонаи селзадагӣ салафан кашида зиндагӣ мекунем, кӯдаконам аз намии хона ва сарди бемор шуданд. Ҳамин қадар муроҷиат мекунем, мегӯянд, ки касе шуморо гӯш намекунад, ҳамааш дар дасти худамон аст.»

ХОНАҲОРО ПАС МЕГИРАНД?

Аммо Низорамоҳ, модари 8 нафар фарзанд афзуд, ки баъди як соли зиндагӣ дар хонаҳои нав, шаҳрдорӣ ӯро ба кӯча баровардааст ва хонаро ба нафари дигар додаанд. Вай гуфт: «ҷаноби олӣ маро калид дод ва гуфт, ки ин ба шумо тӯҳфа аст, аммо баъди як соли зиндагӣ хонаро аз дастам гирифтанд ва ба дигарон фурӯхтанд. Ман бо се келину набераҳо ҳоло дар кӯча мондаам. Мегӯянд, ки манзилҳои пешитон, ки дар ҳолати садама бошанд ба ҳукумат супоред, охир онҷо ният дорам ба як писарам хона кунам. Мегӯянд, ки писаронат дар Русия ҳастанд, серпулӣ, чӣ кор
кунем. На ҳукумати шаҳр, на вакилон ва на дастгоҳи президент ба додамон намерасанд. Фақат нома медиҳанд, ки дида баромада шавад.....»


Олия, модари ҷавон, ки бо кӯдаки 6-солааш ба нияти бо раиси ҷумҳур вохӯрдан омадааст, мегӯяд "маротибаи севвум аст, ки дар назди Касри раиси ҷумҳур қасди оташсӯзи дорам ва ба ин васила аз ноадолатиҳои ҷомеа ба Эмомалӣ Раҳмон паём фиристоданиям."

Зеро ба гуфтаи хонум Олия, бо он ки ҳоло дар хонаҳои нав сохташуда зиндагӣ дорад, аммо шаҳрдории Кӯлоб ӯро ҳар рӯз ҳушдор медиҳад, ки хонаро холӣ кунад: «Вақте меравем ба ҳукумат, мегӯянд, ки баъди нисфирӯзи биё, нисфирӯзи меравӣ даракаш нест, мегӯянд ки равед худатонро кушед, шумо ба касе даркор нестед, чӣ кор кунем.»

ЗАНОНРО ИҶОЗАИ ВУРУД НАДОДАНД

Аммо дар ҳоле, ки ин занҳо мехостанд ба Қасри раёсати ҷумҳур ворид шаванд, барояшон иҷоза дода нашуд. Бо онҳо гурӯҳе аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сӯҳбат карда, гуфтанд, ки дар доираи қонун талаботҳояшон таъмин мешавад.

Суханони намояндагони ҳифзи ҳуқуқ ба занони таҷамӯъкарда асар накард ва онҳо, ки бо бастаи санаду номаҳои дастгоҳи раис ҷумҳур назди Қасри
ҷумҳур омадаанд, гуфтанд, танҳо бо Эмомалӣ Раҳмон боварӣ доранд. Заро ба иддаъои онҳо, ин гуна номаҳо барои ҳал кардани мушкилот мусоидат намекардааст ва барои ҳамин мехоҳанд, ки рӯ ба рӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур аз мушкилоти ба сарашон омада, мадад пурсанд.

Ин бори аввал нест, ки занон бо нишони эътироз аз амалҳои роҳбарони ҳукуматҳои маҳаллӣ дар рӯ ба рӯи Қасри раисиҷумҳур ҷамъ мешаванд. Аммо, ҳамеша занони таҷаммӯъгар аз тарафи пулис аз назди бинои раёсатҷумҳурӣ дур карда мешаванд.

ЯК СОЛ ПАС АЗ СЕЛИ КӮЛОБ


Зимнан, дар пайи обхезӣ ва сели соли гузашта дар шаҳри Кӯлоб, беш аз 1500 манзили зист хароб шуда буд. Ҳукумати Тоҷикистон ҳаҷми умумии зарар аз сел дар Хатлонро тақрибан 600 миллион доллар арзёбӣ карда буд. Аммо барои бунёди биноҳои истиқоматӣ ба мардуми осебдида кулли вазорату идораҳои кишвар вобаста шуда буданд ва қарор буд дар маҷмӯъ беш аз 600 хонаи нав сохта шавад. Ин буд, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар остонаи таҷлили иди истиқлол дар моҳи сентябри соли гузашта калиди бархе аз хонаҳои навро ба мардуми осебдида супурда буд.

Ин дар ҳолест, ки бархе аз заноне, ки рӯзи чаҳоршанбе дар рӯ ба рӯи дафтари раёсати ҷумҳурӣ таҷамӯъ карда буданд, гуфтанд, ки маҳз калиди манзили навро аз дасти раиси ҷумҳур гирифтаанд, аммо бо гузашти чанд моҳ, аз хонаи тӯҳфакардаи президент маҳрум шудаанд.