Владимир Путин, сарвазири Русия, бори дигар аз амалиёти низомии эътилофи кишварҳои ғарбӣ дар Либия интиқод кард ва изҳор намуд, ки "касе ҳаққи эъдоми Муаммар Қаззофиро надорад".
Дар як нишасти хабарӣ дар Дания ӯ гуфт, ки Эътилоф аз ваколатҳои дар ихтиёраш гузоштаи қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид берун пой гузоштааст.
Путин режими Қаззофиро "режими салтанатӣ" номид, ки ба гуфтаи ӯ, дар маҷмӯъ мутобиқ ба афкори мардуми Либия аст.
Аз ин пеш Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, гуфта буд, ки агар дар тарҳи қатъномаи нави Шӯрои амнияти СММ ба истифодаи нерӯ дар Либия иҷоза дода шавад, Маскав аз он ҷонибдорӣ нахоҳад кард.