Кашфи 260 мавриди фасод дар 3 моҳ

Фаттоҳ Саидов

Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон мегӯяд, тайи 3 моҳи аввали соли ҷорӣ 260 мавриди фасодро ошкор кардааст. Фаттоҳ Саидов, раиси ин Ожонс гуфт, аз байни вазоратхонаҳо мавориди бештари ҷиноёти иқтисодӣ – 26 маврид - дар вазорати ҳифзи сиҳҳат ошкор шудааст. Оқои Саидов ҳамин тавр, афзуд, имсол аз миёни идороти қудратӣ бештари чунин мавориди фасод дар вазорати умури дохилаи Тоҷикистон сабт шудааст. Ожонси мубориза бо фасод дар Тоҷикистон соли 2007 таъсис ёфт. Аммо мунтақидонаш мегӯянд, ин идора асосан ба боздошти мақомоти зинаҳои поёнӣ ва табибону устодон саргарм буда, то ҳол аз таъқиби мавориди фаровони фасод дар мақомоти аввали давлати Тоҷикистон чашм мепӯшад.