Боздиди Браун аз Афғонистон

Сарвазири Бритониё Гордон Браун имрӯз бо як сафари қаблан эълонношуда аз Афғонистон дидан ва бо раиси он ҷумҳурӣ Ҳомиди Карзай мулоқот кард. Гордон Браун дар пайи ин мулоқот гуфт, стротежии нави набард бо ифротгароӣ зарур аст. Сарвазири Бритониё марзи Афғонистон бо Покистонро нуқтаи аслии набард бо терроризм хонд. Гордон Браун имрӯз ба Покистон сафар карда, ва бо раҳбари он кишвар Осифалӣ Зардорӣ низ мулоқот мекунад.