Мақомоти расмии вилояти Хатлон барои нахустин бор дар солҳои баъди ҷанги шаҳрвандӣ, аз шиканҷаву озори ҷисмонӣ кор гирифтани кормандони масъули давлат нисбат ба афроди маҳбус дар муассисаҳои ислоҳиро эътироф намуданд.
Ба иттилои Саидҷон Рустамов, додраси додгоҳи вилояти Хатлон, ахиран баррасии шикояти кассатсионии ду корманди зиндони ноҳияи Ёвон, ки бо ҳукми додгоҳи ин ноҳия аз озодӣ маҳрум шудаанд, дар додгоҳи таҷдиди назар аз сар гирифта шуда, аммо ҳукми додгоҳи Ёвон бетағйир гузошта шудааст.
Мирзоалӣ Норов, сардори дастаи шӯъбаи корҳои тарбиявӣ дар байни маҳбусони муассисаи ислоҳии марбут ба РКИ Вазорати адлия дар Ёвон ва Барот Юсуфов навбатдор-ёвари сардори ин муассисаи ислоҳӣ барои шиканҷаву зӯроварӣ нисбат ба маҳбусоне, ки тоза ба зиндони Ёвон мунтақил шудаанд, ҳар яке ба мӯҳлати 5 сол аз озодӣ маҳрум гардидаанд. Ба гуфтаи додрас Саидҷон Рустамов, кормандони зиндони ноҳияи Ёвон аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ берун шуда, чанде аз маҳбусонро бо истифода аз калтаки резинӣ, ё ба истилоҳ дубинкаҳо, латукӯб кардаанд ва онҳоро урён намуда, таҳқиру дашном додаанд. Аз ин рӯ, бар замми панҷ соли маҳрумият аз озодӣ, онҳо аз ҳуқуқи дар оянда ишғоли вазифаҳои давлатӣ ҳам маҳрум гаштаанд.
Созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқ дар Хатлон мегӯянд, ин аввалин ҳодисаи марбут ба шиканҷаву истинтоқи маҳбусон аст, ки расман ба қайд гирифта шудааст. Юсуф Маҳмадов, раиси созмони ҷамъиятии «Рушд», ки дар мавзӯъи вуҷуди мавориди шиканҷа дар ҷануби Тоҷикистон пажӯҳишҳо анҷом додааст, гуфт, то ин замон вай мисолҳои зиёдеро медонист, ки кормандони мақомоти қудратӣ нисбат ба афроди боздоштшуда ва маҳбусин аз зӯри бозу ва шиканҷаву истинтоқ кор мегирифтанд, аммо мақомот чунин далелҳоро башиддат рад мекарданд:
«Вақте бо раиси додгоҳи яке аз ноҳияҳои вилояти Хатлон сӯҳбат доштам ва ӯро ба мизи гирде дар мавзӯи шиканҷа даъват мекардам, вай чунин суол пеш гузошт, ки чаро кормандони мақомоти интизомӣ аз фишору зӯроварӣ ва шиканҷа кор нагиранд. Вай гуфт: «Онҳо ҳам асаб доранд, оила доранд ва, гузашта аз ин, агар онҳо аз зӯри бозу кор нагиранд, ҳеҷ гоҳе муттаҳамин дар гуноҳи худ иқрор намешаванд». Бо ин вай иқрор мекард, ки мавориди шиканҷа вуҷуд доранд ва медонад ки дар таҷриба истифода мешавад, аммо розӣ нашуд дар нишасти мо ширкат варзад ва гуфт, расман эътироф намекунад, ки кормандони мақомоти интизомию қудратии кишвар аз чунин усулҳо истифода мекунад. Онҳо андеша намекунанд, ки истифода аз шиканҷа хилофи аҳдномаҳои байнулмилалист ва ба нуфузи кишвар латма мезанад…»
Коршинос Юсуф Маҳмадов мегӯяд, мисоли ҳукми зиндони афроде, ки аз шиканҷа нисбат ба маҳбусин кор гирифтаанд, ӯро хушбин мекунад, ба ин маънӣ, ки шояд аз ин ба баъд кормандони мақомоти қудратии кишвар ҳангоми бозпурсии муттаҳамин ва ё нисбат ба зиндониён зӯри бозу нишон намедиҳанд.
Дар поёни соли гузашта ҳам дар вилояти Хатлон ду корманди милисаи ноҳияи Хуросон маҳз бо иттиҳоми боздошти ғайриқонунии шаҳрвандон ва истифодаи шиканҷа нисбат ба онҳо равонаи зиндон шуданд, аммо додгоҳ онҳоро бо иттиҳоми берун шудан аз ҳадди ваколатҳои хидматӣ муттаҳам донист.
Бо ин вуҷуд мақомоти додситонии Тоҷикистон мегӯянд, ки дар кишвар нафаре мавриди «шиканҷа» қарор нагирифтааст. Додситонии кулли кишвар, масалан, мегӯяд, ки истилоҳи «шиканҷа»-ро мебояд аз усулҳои номашрӯъи тафтишотӣ фарқ кард.
Вале дар Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон банди махсусе бо исми «шиканҷа» вуҷуд надорад, ҳарчанд муҷозот барои шиканҷаву истинтоқи инсон пешбинӣ шудааст. Ҳуқуқшиносон, минҷумла, вакилони мудофеъи ҳуқуқ мегӯянд, шиканҷаву истинтоқ аз «истифодаи усулҳои мамнӯъи кори тафтишот» мантиқан фарқ намекунад.