Ҳазинаи нимпайкара куҷо шуд?

Додгоҳи Хуҷанд нисбати 3 раиси ширкатҳои сохтмониро бо иттиҳоми аз худ намудани маблағи буҷа - ҳудуди 10 ҳазор сомонӣ, ки барои бунёди нимпайкараи устод Рӯдакӣ - асосгузори адабиёти классики форсу тоҷик пешбинӣ шуда буд, парванда боз кардааст.
Бар пояи маълумоти идораи умури дохилаи Суғд, раисони 3 ширкати хурди сохтмонӣ - «Сохтмони деҳот», «Манфиати тиҷоратӣ» ва «Ванг Пат» - аз ҷониби додситонӣ барои аз худ намудани маблағи буҷа айбдор ҳисобида мешаванд. Додситонӣ нисбати раҳбарони ширкатҳои мазкур, ки аз онҳо ном бурда намешавад, мутобиқи банди қаллобии қонуни Тоҷикистон иттиҳом эълон кардааст.

Нимпайкараи Рӯдакӣ дар чаҳорбоғи шаҳраки Ғафуров дар соли гузашта зимни истиқбол аз 1150-солагии бунёдгузори адабиёти тоҷик бояд гузошта мешуд. Вале ба гуфтаи Манзура Раҳимов, корманди бахши идеологии ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, нимпайкара як сол дер ва дар ибтидои соли равон дар чаҳорбоғи шаҳр қомат рост кард. Ба гуфтаи вай, ин ягона пайкараи сардафтари адабиёти тоҷик дар ин маҳал мебошад.

Рӯзноманигор Набиуллоҳи Суннатӣ мегӯяд, дуздии маблағи нимпайкараи Рӯдакӣ нишони таъсири фасодзадагӣ на танҳо ба иқтисоди Тоҷикистон аст, балки зарбаест ба маънавиёти кишвар. Вай афзуд, фасод то ҷое авҷ гирифта, ки вақти аз худ намудани маблағҳои давлатӣ аз хотири масъулин андешаи он, ки бо ин амали нопоки худ чи зарбае ба фарҳангу маънавиёти миллат мерасонанд, ҳатто убур намекунад. Ба назари вай, агар корбурди маблағҳое, ки барои баргузор намудани ҷашнвораву чорабиниҳои сершумори фарҳангӣ аз хазинаи давлат ҷудо карда мешавад, мӯшикофана таҳқиқ гардад, эҳтимол, мавориди бештари дуздӣ ва аз худ намудани маблағҳои бузург маълум хоҳад гашт.

Ба гуфтаи бахши меъмории ҳукумати Суғд, гузоштани нимпайкараи Рӯдакӣ дар шаҳраки Ғафуров дар соли гузаштаи 2008 чун яке аз нишонаҳои арҷгузорӣ ба Одамушшуаро тарҳрезӣ шуда буд. То замони таҷлили 1150-солагии Рӯдакӣ дар чанд шаҳру навоҳии Суғд, аз ҷумла Хуҷанду Панҷакент, пайкараву нимпайкараҳои ӯ қомат афрохта буд. Бузургтарин ёдгории ҷашнӣ - маҷмаи Рӯдакӣ бо пайкараи барқади шоир бар болои пояи мармарӣ дар канори ҳукумати Суғд бо сарфи 3.5 миллион сомонӣ дар 2 гектар замини маркази Хуҷанд бунёд гаштааст.

Додситонии Хуҷанд дар ҳоли ҳозир таҳқиқи парвандаи бо роҳҳои ғайриқонунӣ аз худ намудани маблағи барои нимпайкараи Рӯдакиро пеш мебарад.