Донишҷӯдухтари 18-сола чаро худро кушт?

Tajikistan - Baktigul Khayribekkizi, 18 years old student suicided at Tajik National University in Dushanbe at April 2009

Баробари ворид шудан ба факултаи физикаи ДМТ овезаи ёдбуди Бактигул Хайрибекқизӣ, донишҷӯи соли аввали ин факулта ба чашм мерасад, ки дар он муҳассилону омӯзгорон аз зиндагиномаи кӯтоҳи ҳамсабақи марҳумашон, ки ба таври асроромез худкушӣ кардааст, нақл мекунанд.
Бактигули 18-сола аз ноҳияи Мурғоб моҳи сентябри соли равон тавассути квота имкони таҳсил дар пойтахти кишварро ба даст овард. Аммо баъди 7 моҳи таҳсил вай ба донишгоҳ ва болотар аз ин ба зиндагии худ падруд гуфт. Субҳи як рӯзи маъмулии дарсӣ ҷасади донишҷӯдухтари фавтидаро аз ҳавлии факулта пайдо мекунанд ва ташхис муайян мекунад, ки Бактигул аз ошёнаи чорум дар соати ҳудудан 12-1-и шаби 3-юми апрели имсол худро ба зер афкандааст. Вазорати умури дохилаи кишвар муайян кардааст, ки донишҷӯи фавтида даст ба худкушӣ задааст. Дар ҷасад аломатҳои таҷовуз ё марги иҷборӣ дарёфт нашудааст.
Ташхис: "Дар ҷасад аломатҳои таҷовуз ё марги иҷборӣ дарёфт нашудааст."


Чӣ ва ё кӣ ин духтарро маҷбур кард, то қасд ба ҷони ҷавони худ кунад? Ба ин савол то ҳол додситонии ноҳияи Шоҳмансури пойтахтпосух меҷӯяд, вале миёни ҳамсабақони Бактигул, феълан, дар ин маврид сару садоҳо зиёд аст. Бархе мегӯянд, ки гуё Бактигулро тангдастӣ ё мушкилоте дар муносибот бо ҳамсабақон ва ё бо ҳамсояҳояш дар хобгоҳ азият медодааст.

Фарзияи дигар мушкили равонии ӯст. Вале Малоҳат Файзиева, муовини декани факултаи физикаи ДМТ ва раҳбари бевоситаи гурӯҳе, ки донишҷӯи фавтида дар он таҳсил дошт, мегӯяд, Бактигул духтари хеле камгапу ором ва шармгин, вале ба бемори рӯҳӣ монанд набуд. Зимни ҳолпурсии ҳаррӯза ҳам ба муаллима аз чизе эҳсоси нороҳатӣ ё шикоят намекардааст. Муаллима бо ӯ
Тахмин: "Фарзияи худкушии Бактигул - тангдастӣ"
бо забони узбакӣ гап мезад, чун Бактигул қирғиззабон буд. Хонум Файзиева мегӯяд, маъмулан, дарсҳои гурӯҳи Бактигул аз соати 12 шурӯъ мешуд. Вале он рӯз ӯ дида буд, ки духтарак се соат пештар, яъне соати 9 ва пештар аз ҳамсабақонаш ба донишгоҳ ҳозир шуд. Вай соати 15-и руз ҳамроҳи ҳамсабақонаш аз донишгоҳ берун шудааст ва аммо дигар маълум нест, ки вай дар куҷо буд ва ё чаро шаб дар донишгоҳ монд.

Охирин бор Бактигулро дарсхонае дар ошёнаи чаҳоруми ин бино зинда дидааст.
Бактикул мисли дигар духтарони тибқи квотаи президентӣ ба Душанбе омада, дар хобгоҳи ба номи"Сарвар" мезист, хобгоҳе ки бо шароит ва реҷаи махсуси рӯз аз дигар хобгоҳҳо фарқ мекунад. Бозгул Додхудоева, раҳбари ин хобгоҳ аз сӯҳбат дар ин мавзӯъ худдорӣ кард ва нагуфт, ки Бактигул он рӯз ба хобгоҳ омада буд ё на. Мо ҳамчунин натавонистем бо ҳамхонаҳои духтари ҷавонмарг дар хобгоҳ сӯҳбат кунем.

Бархе аз ҳамсабақони духтари ҷавонмарг гуфтанд, ки Бактигул дар баёни фикраш ба забони тоҷикӣ
Тахмин: "Фарзияи худкушии Бактигул - мушкили равонӣ"
мушкил дошт ва ба назари онҳо, маҳз ҳамин масъала сабаби муоширати ками вай бо ҳамсабақонаш будааст. Бо Миҷгона, донишҷӯе, ки низ забони узбакиро медонад, Бактигул нисбатан наздиктар будааст, аммо Миҷгона мегӯяд, мавзӯи сӯҳбаташон фақат дар атрофи дарсҳо буд ва ӯ низ чизи бештаре аз зиндагии Бактигул намедонад.

Бехабарӣ ва ё камхабарии ҳамсабақону атрофиён аз зиндагии Бактигул, марги пурасрори ӯро боз
Тахмин: "Фарзияи худкушии Бактигул - эҳсоси танҳоӣ ва мушкил дар муносибот бо ҳамсабақон ё ҳамсоягон"
печидатар мекунад. Равоншинос Нафиса Юнусова мегӯяд, соли аввали таҳсил дар Донишгоҳ ва мутобиқшавӣ ба як муҳити аслан дигар барои донишҷӯи аз деҳоти дурдасте омада осон нест. Дар ин раванд онҳо ба мушкилоти зиёде рӯбарӯ мешаванд ва то шинохти ҳамдигар ба гурӯҳчаҳо тақсим шуда, ба қавле ба ҳамдигар унс мегиранд. Равоншинос мегӯяд, баъзан ҳамин масъалаи набуди як ҳамсӯҳбату ҳамдард ва ҳамнафасе, ки эҳсоси танҳоии як духтари бетаҷрибаву ноогоҳро тақсим карда тавонад, метавонад сабаби дар инзиво мондани ҷавон шавад. Набояд фаромӯш кард, ки аз як рустои дурдаст ба шаҳр омада, зиндагии мустақилонаро дар миёни танҳо ҳамсолонаш шурӯъ кардани як духтари хона метавонад барояш ҳамчунин такон ва гоҳҳо шикасти сахте шавад.

Мақомоти ДМТ мегӯянд, ҷасади Бактигули нокомро бо як миқдор маблағ аз буҷаи донишгоҳ ба назди волидонаш то Мурғоб интиқол додаанд.