Додгоҳи шаҳри Хуҷанд ахиран як сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - Ҳалим Олимовро, ки ҳамсари ӯ шаш моҳ пеш худро бо ду тифли ҳаштмоҳа ва панҷсолааш дар рӯди Сир андохта, ғарқ карда буд, ба шаш соли зиндон маҳкум кард.
Додгоҳ падари ин хонаводаро мутобиқи ду банди Қонуни ҷиноии Тоҷикистон барои муносибати бераҳмона нисбати ҳамсар, ки ӯро то дараҷаи худкушӣ расонидааст, гунаҳкор ҳисобид. Дар ин бора Мавҷуда Пӯлодова, додраси додгоҳи Хуҷанд, раиси мурофиаи парванда аз рӯи ин қазиа гуфт:
«Ҳалим Олимов бо роҳи азобу уқубати ҷисмонӣ, лату кӯби мунтазам, азобу шиканҷа ҳамсараш Замира Олимоваро ба худкушӣ расонидааст. Замира аз муносибати бераҳмонаи шавҳараш ба дод омада, дар рӯзи 21 - уми майи ҳамин сол, тахминан дар соати ҳашти шом худро бо фарзандони ноболиғаш - Мубини 6 сола ва Муҳиддини қариб яксола аз болои пул дар рӯди Сир партофт ва ҳалок кард. Аввал вай ду тифлашро ба дарё партофт. Аммо вақте мехост кӯдаки сеюмаш - Зарринаи ҳаштсоларо ҳам ба об андозад, як одам дида, аз дасташ кашида гирифт. Пас аз он Замира худро ҳам ғарқ кард.»
Ҷасадҳои модар ва ду тифлаки ғарқшуда баъди ду рӯзи ҷустуҷӯи ғаввосон аз рӯди Сир берун оварда шуд ва ин ҳодисаи фоҷиавӣ дар Хуҷанд гуфтугӯҳои зиёди одамонро ба бор овард.
Вале Ҳалим Олимов дар додгоҳ гуфт, ҳамсари вай аслан бемории рӯҳии ирсӣ дошт ва дар ҳолати туғёни фишори рӯҳӣ худрову ду кӯдаки хурдашро нобуд кардааст.
Аммо ба гуфтаи додрас Пӯлодова, ташхиси тиббиву додгоҳӣ ин даъвии шавҳарро беасос донистааст. Ба маълумоти додгоҳи Хуҷанд, зану шавҳар: Ҳалим ва Замира Олимовҳои мутаносибан 28 ва 26 - сола соҳиби се фарзанд буда, маълумоти олӣ ва ё касбӣ надоштаанд. Онҳо ҷои кор низ надоштанд ва дар манзили модари шавҳар зиндагии бисёр қашшоқона ба сар мебурдаанд. Додрас Пӯлодова гуфт, дар байни зану шавҳар дар заминаи таъмини аҳли хонавода ҷанҷолу талошҳои доимӣ рух медод, ки оқибат ба худкушии
ҳамсар расонд.