Раисҷумҳури Афғонистон аз стратегияи бознигаришудаи ИМА ҷиҳати ҷилавгирӣ аз тундгароӣ дар Афғонистон ва Покистон мувофиқат кард.
Ӯ дар як нишасти хабарӣ дар Кобул, аз ҷумла, гуфт: "Ман бо стратегияи нави эълоншуда комилан мувофиқам. Ин дақиқан ҳамон корест, ки мардуми Афғонистон умедвор буданд ва мехостанд. Барои ҳамин он аз ҳимояту ҷонибдории комили мо бархӯрдор аст".
27-уми март Барак Обама, раисҷумҳури ИМА, стратегияи нави Вашингтон дар бораи мубориза бо тундгароёну шӯришиён ва роҳҳои ҷилавгирӣ аз афзоиши хушунат дар Афғонистону Покистон эълон кард. Мубориза бо тундгароён, ки дар Ҷануби Осиё барои худ паноҳгоҳ ёфтаанд, гуфт Обама, ҳадафи аслии талошҳои Амрико ба шумор меравад. Ҳомид Карзай дар посух ба ин суханон изҳор намуд, ки Вашингтон барои иҷрои чунин стратегия метавонад ба ҳамкороиҳои ҳамаҷониба бо Кобул умед бандад.
Дар ҳамин ҳол, Обама эълон кард, ки бар иловаи 17 000 нерӯи ҷадиди Амрико боз 4 000 нафар сарбозро ба Афғонистон хоҳад фиристод. Ӯ ҳамчунин қавл дод, ки то соли 2011 Амрико 134 000 нафар афсару сарбози артиши афғон ва 82 000 нафар афсари полиси ин кишварро омӯзиш хоҳад дод. Дар мавриди Покистон Обама изҳор дошт, ки Амрико ба ҳимоят аз ниҳодҳои нозуки демократӣ дар ин кишвар бештар таваҷҷуҳ хоҳад кард.
Насрулло Стонакзай,таҳлилгари афғон дар донишгоҳи Кобул, ба радиои Озодӣ дар бораи стратегияи нави Амрико гуфт: "Давлати ҷадиди Амрико дар сиёсати хориҷии худ, ба хусус дар иртибот бо минтақаи мо, Покистонро ҳам минтақаи террористӣ медонад, ки идораи қаблӣ дар ин иртибот зиёд машкук буд ё дақиқ ҳаракат намекард. Ин бисёр дақиқ аст, ки манотиқи аслии фаъолиятҳои террористӣ дар минтақаи мо Покистон аст, ки на танҳо Афғонистон, балки ба тамоми минтақа таҳдид мекунад".
Осиф Алӣ Зардорӣ, раиси ҷумҳури Покистон, низ аз ибтикороти раисҷумҳури Амрико истиқбол кард ва гуфт, ки суханронии раисҷумҳури Амрико муносиботи дуҷонибаро таҳким хоҳад бахшид.