Даъвати Бин Ладен ба барканории президенти Сомалӣ

Як навори садоӣ, ки эҳтимолан ба раҳбари шабакаи Ал-Қоида Усома Бин Лоден марбут аст, аз аъзои созмонҳои тундрави исломӣ барканор кардани раиси ҷумҳурии Сомалӣ Шариф Шайх Аҳмадро даъват кардааст. Аммо то ҳол мушаххас нашудааст, ки ин садои дар як сомонаи интернетии наздик ба Ал-Қоида нашршуда воқеан ҳам ба Бин Лоден тааллуқ дорад. Ин сеюмин навори садоиест, ки дар соли ҷорӣ ба нашр расида, марбут ба Бин Лоден гуфта мешавад. Моҳи январи соли ҷорӣ Шариф Шайх Аҳмад, яке аз раҳбарони ҷумбишҳои мӯътадили исломӣ дар Сомалӣ раҳбари ин кишвар интихоб шуд. Интихоботи мазкур бо миёнҷигии СММ ташкил шуда, ҳадафаш эҷоди сулҳ дар кишваре мебошад, ки ҳукуматаш шурӯъ аз соли 1991 амал намекард.