Озарбойҷон пеш аз райпурсӣ зиндониёнро афв мекунад

Порламони Озарбойҷон аз тарҳи қонуне дар бораи раҳоии садҳо нафар зиндониён ва кам кардани мӯҳлати зиндони дигарон ҷонибдорӣ кард. Тақрибан 9 ҳазор зиндонӣ зери амали ин қонун хоҳанд даромад. Ин қонун дар ҳоле ба тасвиб расидааст, ки дар ин кишвар барои тамдиди мӯҳлати раёсати ҷумҳурӣ райпурсӣ анҷом мегирад. Ҳоло дар Озарбойҷон раиси ҷумҳур ҳақ дорад танҳо ду давра интихоб шавад. Ин райпурсӣ муайян хоҳад кард, ки ин маҳдудият боқӣ хоҳад монд ё аз миён хоҳад рафт.